Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

27 медали варзишгарони навраси тоҷик дар Қазон


Абдуқодир Баротов-гурзандози ҷавони тоҷик
Абдуқодир Баротов-гурзандози ҷавони тоҷик

Варзишгарони ҷавони тоҷик дар дуввумин Бозиҳои варзишии Авросиёии наврасон, ки дар шаҳри Қазони Русия тӯли як ҳафта идома кард, 27 медал - 3-тилло, 9-нуқра ва 15 нишони биринҷӣ ба даст оварданд.

Раҳбари ҳайати варзишии Тоҷикистон Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар, ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин бозиҳо, ки ба ҷашни 10-солагии таъсисёбии Иттиҳоди иқтисодии Авросиё бахшида шуд, 530 варзишгари навраси синни аз 13 то 17-сола аз шаш кишвари ширкаткунандаи Авросиё – Беларус (63 варзишгар), Қазоқистон (163), Қирғизистон (17), Русия (230), Тоҷикистон (47) ва Укроин (10) аз рӯи 14 навъи варзиш рақобат карданд.

Ҷаноби Мирзоев афзуд, 47 варзишгари навраси Тоҷикистон дар 7 намуд - бокс, варзиши сабук, волейбол (духтарон), гуштии юнониву румӣ, дзю-до, тенниси рӯи миз ва шиноварӣ ширкат варзиданд.

Натоиҷи ба даст овардаи дастаҳо чунин аст:
1. Русия – 208 медал (105 тилло, 65 нуқра, 43 биринҷӣ).
2. Қазоқистон – 131 (32+56+43).
3. Беларус – 35 (6+11+18).
4. Тоҷикистон – 27 (3+9+15).
5. Укроин – 7 (1+2+4).
6. Қирғизистон – 19 (3 нуқра ва 16 биринҷӣ)

Дар ин Бозиҳо се варзишгари тоҷик дар се намуд – гуштии дзю-до, бокс ва гуштии юнониву румӣ се медали тилло гирифт.

Муҳаммад Мирзоев дар рақобатҳо дар навъи дзю-до дар вазни то 66 килограмм бар ҳамаи рақибонаш дастболо шуда, мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Аббос Икромов дар навъи гуштии юнониву румӣ дар вазни то 85 кг ҳамто надошт ва қаҳрамони бозиҳо шуд. Абдуқодир Баротов дар гурзандозӣ беҳтарин натиҷа нишон дод ва мақоми аввалро касб кард.

Варзишгари ҷавону моҳир Даврон Атобоев дар давидан ба масофаи 100 метр медали нуқра ва ба масофаи 200 метр медали биринҷӣ ба даст овард.

Инчунин варзишгари аз ҳама ҷавони ин Бозиҳо Абдурауф Мӯсоев, ки қадаш 1 метру 90 сантиметр аст, соҳиби ду медал шуд. Вай дар найзапартоӣ ҷои дуввум ва дар гурзандозӣ ҷои севвумро азони худ кард.

Дар ин бозиҳо 14 духтари тоҷик дар се намуд – волейбол, варзиши сабук ва шиноварӣ ширкат варзиданд. Аз байни онҳо танҳо ду нафар - Гулноза Алиқулова дар давидан ба масофаи 2000 метр медали нуқра ва Муниса Раҳимова дар давидан ба масофаи 3000 метр медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Вале дастаи волейболи Тоҷикистон дар ҳамаи бозиҳо аз рақибонаш – тимҳои Беларус, Қазоқистон ва Русия шикаст хӯрд.

Алимаҳмад Мирзоев аз натоиҷи ба даст овардаи варзишгарони навраси тоҷик дар ин бозиҳо изҳори қаноатмандӣ кард. Вай гуфт, ду сол муқаддам дар нахустин Бозиҳои варзишии наврасон дар шаҳри Брести Беларус дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо шумули 40 нафар ҳамагӣ 11 медал – 1 тилло, 2 нуқра ва 8 биринҷӣ гирифта буд.

Бозиҳои варзишии Авросиёии наврасон барои мизбонон санҷише буд пеш аз Универсиадаи соли 2013, ки дар шаҳри Қазони Русия баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG