Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти сулҳ дар Байтулмуқаддас идома меёбад


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷиии ИМА, имрӯз дар музокироти мустақими миёни сарони Исроилу Фаластин дар Байтулмуқаддас ба ҳайси миёнарав ширкат хоҳад кард. Ин гуфтушунид идомаи музокироти сеҷониба миёни сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу, раҳбари идораи худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос ва хонум Ҳилларӣ Клинтон аст, ки дирӯз дар фароғатгоҳи Шарм-ул-шайхи Миср баргузор шуд.
Ҷорҷ Митчел, фиристодаи вижаи ИМА дар умури Ховари Миёна гуфт, ки дар Шарм-ул-шайх раҳбарони Исроилу Фаластин баҳси ҷиддӣ дар робита ба масоили доғро шурӯъ карданд. Ва аммо, ба навиштаи хабаргузориҳо, ҷонибҳо дар мавриди бунёди манзилҳо дар маҳаллаҳои яҳудинишини Каронаи бохтарии рӯди Урдун ба пешравие муваффақ нашуданд. Мораторий барои бунёди ин манозил рӯзи 26 сентябр поён меёбад ва қаблан Нетаняҳу эълом дошт, ки ҳукумати Исроил онро тамдид нахоҳад кард. Ва аммо ӯ ваъда дод, ки ҳаҷми бунёди манозил маҳдуд карда хоҳад шуд. Фаластиниҳо изҳор намуданд, ки агар бунёди манзилҳо дар Каронаи бохтарӣ мунҷамид нашавад, онҳо музокироти сулҳро қатъ мекунанд.
XS
SM
MD
LG