Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имзои созиши тиҷоратии Эрону Арманистон ба таъхир уфтод


Мақомоти Арманистон иттилоъ дар бораи таҳия ва омодаи имзо шудани созиш дар бораи тиҷорати озод миёни Еревану Теҳронро рад карданд. Ду рӯз пеш нашрияи "The Tehran Times" хабар дод, ки ин созиш ҳангоми сафари қарибулвуқӯъи вазири иқтисоди Арманистон Нерсес Еритсян ба Теҳрон имзо хоҳад шуд. Нашрия бо такя ба иттилоъи хабаргузории ИРНА навиштааст, ки ҳафтаи гузашта ин мавзӯъ дар мулоқоти вазири тиҷорати Эрон Меҳдии Ғазанфарӣ бо сафири Арманистон дар Эрон Григор Аракелян ҳам баррасӣ шуда буд. Ва аммо як мақоми расмии Арманистон ахиран ба бахши армании Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳукумати Арманистон имзои созиш дар бораи тиҷорати озодро барвақт мехонад. Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, мақомоти Эрон хостори имзои ҳарчӣ зудтари ин созишанд ва аммо Ереван мӯҳлати муқарраршуда барои таҳияи ҳамаи асноди заруриро нокофӣ арзёбӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG