Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду адиб, ду марди адаб,- яке нависандаю дигаре шоир, яъне яке нозиму дигаре носир,- дар маъракае нишаста байни ҳам бо нимовоз, ба қавли худашон, сўҳбат ороста буданд.

Он маърака чӣ маъракае буд,- тўй, худои, чойгаштак ё бибисешанбегӣ,- касе намедонад ва таърих ҳам дар ин бора хомўш аст.

Вале, ҳамаи меҳмонон шоҳиди он буданд, ки сўҳбати ду адиб, ногоҳ ба баҳси адабӣ ва баъдтар ба ҷанҷоли муқаррарии худамонӣ, табдил ёфт.

- Шумо шоирон ҳамеша ба эҳсос дода мешавед, муболиғаҳои беохири нестандарҷаҳон мекунед, умуман шумоён бандаи ҳис, вазни арўз ва фантазияҳои аз олами ҳақиқӣ, яъне аз реализм дур ҳастед,- мегуфт нависанда ва бо ин гуфтори аз назм дураш ба торҳои асаби нозуки шоир нохун мезад.

- Бале, - бо зарда ҷавоб медод шоир,- мо ҳамеша бандаи эҳсос ва ишқ, бандаи арўзу арус будему ҳас... не, акнун нестем... ва ин ҳам ба шарофати... аниқтараш ба касофати муболиғаи аблаҳонаи шумо! Маҳз бо илтифот, аниқтараш бо таърифи бардурўғи дупулаи шумо, нависандагон, акнун аз мани нозим, арўз ҳам мегурезаду арўс ҳам.



- Шумо дар бораи кадом илтифот мегўед,- нафаҳмид шоир,- шумо фикратонро аниқтар фаҳмонда метавонед?

- Албатта метавонам. Илтифот - лутф аст. Лутф - Лутфиябонуи нозанин, то ест, банда латифа гуфтанӣ будам. Анекдот... яъне вай чи буд, латифа, ба ҳаҷми хурдаш нигоҳ накарда асари насрист ва мансуби шумо нависандагон аст.

- Хайр, мансуб бошад чӣ?

-Чи хел «хайр мансуб бошад чӣ»? Охир маро маҳз ҳамин фантасмагория - муболиғаи аблаҳонаи шумо шарманда кард!

- Сабр кунед, шумо ягон латифаро нодуруст нақл кардед ё барои гўш кардани ашъори сарироҳ... яъне касмаёбатон ва таваҷҷўҳи шунавандаро ба худ ҷалб кардан, ягон анекдот, вай чи буд, латифаи сермурчу каламфурро бо тамоми «назокат» -у дашномҳояш ба ягон калоншаванда...

Э, не-е, аз даҳонатон шамол бараде... Маро чию ба калоншавандаҳо шеърхонӣ кардан чӣ? Ман на танҳо вазни арўз, балки вазни шеъри худамро ҳам медонам... Инчунин лаби дастурхону ҷои нишастамро ҳам... Ман чи хеле, ки мегўянд аз сари худам баландтар паридани нестам. Ман дидам шуароеро, ки аз худ баромадани шуда ашъори пурмуттакову пурмўҳтаво менависанду баъд хабарашон аз ҳар кунҷи ҷаҳон меояд... Ман ҳамон «мискин хараки худ ба манзил бирасонам» шуд.

- Модоме, ки ҳамин тавр бошад, шумо аз носирон, яъне аз нависандагон чӣ мехоҳед?

- Дурўғ нагўянд! Мо шоиронро муболиғачӣ гуфта, таъна мезананду худашон чизҳое менависанд, ки ҳар хари корӣ нохуна мешавад.

- Кай? Дар куҷо?

- Ба маълумотатон, ман аз дафтари ниёгонамон латифаеро хондам, ки бо наср навишта шудааст. Дар он ҷо омадааст, ки як мардак ба назди табиб меояд ва табиб барои мондани диагноз, яъне ташхиси бемор, аз ў мепурсад, ки имрўз чӣ хўрдааст?

Он мардак чизи хўрдаашро номбар мекунад. Аҳамият диҳед: ду ман нон, ҳамин қадар асал, чор каллаи гўсфанд, ним рони гов, як сабад шафтолу, як лаган самбўса ва боз ҳамин қадари ангуру қоқу мавиз... Умуман агар хараи тарбузу харбузаи бо пўсташ хўрдаи ин одам-ул-оҷро ба назар нагирем, он гоҳ хўрдагиаш ба 250 - 300 кило рост меояд... Акнун марҳамат карда ба ман фаҳмонед, ки оё ин муболиға нест?

- Муболиға ҳасту лекин ин ба арўзу арўси шумо чи дахл дорад?

- Дорад! Дахли бевосита дорад! Зеро мани шоир, хостам ин насри бесарунўги шуморо ба низоми назм андозам. Барои боваринок баромадани асар ва дар чорчўбаи арўз ғунҷонидани латифа, ман бояд амволи номбаркардаи он мардакро аввал дар шиками худ меғунҷонидам. ҳамчун эксперимент. ҳамчун воситаи субути нақди бадеъ.

Чун ман, ҳамчун шоири ҳақиқии имрўза, барои харидани он ҳама лашу луш, нақдинае надоштам ва кайки ба танаи ман афтода, барои қути лоямути худ чизе наёфта чанде дар киссаҳоям бо чагас мегашту баъд бо ғурғури «Ман хато карда ба симчўб часпидам», бо қаҳр дар яқаи гиребонам туф карда аз ман мегурехт,- қарор додам, ки аз воситаҳои зеридастӣ, яъне аз тўю худоиҳои пеш аз рамазонӣ истифода барам.

Рўзеро интихоб намудам, ки ба чор оши наҳор, ҳамин қадар худои ва ниҳоят, соати 12 ба тўи арўсӣ , ба ресторан хабарӣ будам. Ин бе ягон муболиға. Мардум чунон ба воҳима афтода буданд, ки гўё моҳи шарифи рамазон баъди омадан дигар намерафта бошад.
Ман бо баҳонаи «пеш аз рамазон як бор мустаҳкам хўрда гирем», дар ҳашт маърака, худам танҳо, болои мизи чоркасаро «рўфтам». ҳатто баъзан ҳамчун сарқут... яъне табаррукӣ, пасмондаи табақи чанд калоншавандаро «тоза» кардам.

- Баъд ба табиб муроҷиъат кардед?

- Не-да! Нодурустии муболиғаи насрии шумо ҳам дар ҳамин!.. Эксперимент, ташхис, маълум сохт, ки дар чунин ҳолат одами зинда то назди табиб расида наметавонад. Фақат то истгоҳ!..

Дар истгоҳ, дар ҳамон лаҳзае, ки аз арўзи зиндагӣ лаззат бурдаву ба арўсе чашмак мезадам ва мунтазири ба ҷўш омадани деги илҳом будам, бе ягон огоҳии пешакӣ шикам ба шўр омад. Исён бардошт! Норозигиро ба тарзе баён кард, ки он на дар чорчўбаи назм, на дар муболиғаи бесарунўги наср, ва на дар шимми ман, ки нисбати андомам чанд андоза бузургтару фаррохтар буд, намеғунҷид.

- Шуд! Фаҳмидам! - Носир, яъне нависанда аз ҷой хест,- ин «Арўзи арўсгурезон» ном гирифтани истгоҳи назди маҳаллаи мо ва хонаҳояшонро иваз карда аз микрорайон гурехтани мардум, натиҷаи ҳамин танқиди адабии шумо будааст-да!.. ҳе, чорчўбаи назматон аз саратон монад! О, г... муболиғаатро чени даҳонат хўр!

Аслан, нозимро кӣ мондааст, ки бо носир сар ба сар шавад? Ҳар кас бояд, вай... алифи худашро хўрад... яъне гўяд. Хезед, ба шумо ҷавоб!.
XS
SM
MD
LG