Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафтиши сабабҳои марги муҳандисҳои рус идома дорад


Дар Индонезӣ ду муҳандиси ҳавопаймоҳои низомии Русия ба бемористон интиқол ёфтанд. Чанд рӯз пеш се муҳандиси дигари рус дар ин ҷо ба таври мармӯз ба ҳалокат расида буданд. Ба навиштаи хабаргузориҳои маҳаллӣ, ду муҳандиси рус, ки айни ҳол дар як бемористони ҷазираи Сулавесӣ таҳти назорати табибон қарор доранд, аз дарди сар, дилбеҳузурӣ ва бехобӣ шикоят мекунанд.
Дар ҳамин ҳол тафтиши сабабҳои ҳалокати се муҳандиси рус идома дорад. Қаблан расонаҳои Индонезӣ хабар доданд, ки шаҳрвандони Русия аз машруботи бесифат заҳролуд шудаанд ва аммо ин иттилоъ расман таъйид нашудааст.
Муҳандисони рус таъмиру назорати техникии ҳавопаймоҳои низомии СУ-ро, ки Русия ба Индонезӣ фурӯхтааст, бар ӯҳда доранд.
XS
SM
MD
LG