Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 11 ошӯбгар аз зарбаҳои мушакӣ


Бар асари зарбаҳои мушакии ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ дар минтақаи Вазиристони шимолии Покистон дасти кам 11 нафар кушта шуданд. Субҳи имрӯз ду бино дар минтақаи Дарға Мандӣ, воқеъ дар наздикиҳои марз бо Афғонистон, ҳадафи мушакборон қарор гирифтанд. Ба гуфтаи низомиёни воломақоми ҳайати фармондеҳии ИМА, бар асари ин зарба афроди мусаллаҳе ба ҳалокат расидаанд, ки дар ҳамлаҳо ба нерӯҳои байнулмилалии мустақар дар Афғонистон гумонбар дониста мешуданд.
XS
SM
MD
LG