Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шурд хостори раҳоии ҳамсафаронаш шуд


Шаҳрванди ИМА Сара Шурд, ки дирӯз маҳбаси Евини Теҳронро тарк намуд, аз мақомоти Эрон хост то ду ҳамсафарашро ҳам раҳо кунанд. Ӯ баъди озодӣ бо баҳои гаравпулӣ аз Теҳрон ба Уммон интиқол дода шуд. Хонум Шурд гуфт, ки "ман мехоҳам ба раисиҷумҳур Аҳмадинажод, мақомоти расмӣ ва ходимони мазҳабии Эрон, ба оятуллло Хоманей, ба ҳамаи онҳо, ки барои ба ин лаҳзаҳои хушбахтӣ расидани ману хонаводаам мусоидат кардаанд, арзи сипос намоям. Ва аммо мехоҳам бигӯям, ки шурӯъ аз имрӯз талоши асосӣ ва ҳадафи ман – кӯмак дар раҳоии номзадам Шейн Бауэр ва дӯстам Ҷош Фэттал хоҳад буд, зеро бидуни онҳо ман наметавонам аз ин озодӣ лаззат барам. Онҳо бояд ин ҷо, дар канори ман бошанд. Онҳо набояд як дақиқа бештар аз ман дар зиндон бимонанд".
Ахиран Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ки Мун ва раисиҷумҳури ИМА Барак Обама ҳам хостори аз маҳбаси Теҳрон раҳо кардани ду амрикоии боқимонда шудаанд.
Ёдовар мешавем, се шаҳрванди ИМА соли гузашта дар марз бо Ироқ боздошт шуда буданд. Теҳрон онҳоро дар убури ғайриқонунии марз ва баъдан дар ҷосусӣ айбдор намуд. Ва аммо амрикоиҳо иттиҳомро ба гардан нагирифтанд ва мегӯянд, ки ҳангоми сайёҳат дар кӯҳистони Ироқ раҳгум зада, иштибоҳан вориди хоки Эрон шудаанд.
XS
SM
MD
LG