Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати ҳукуматӣ ба фармондеҳони пешин итминон додааст


Дар маркази ноҳияи Рашт музокироти як ҳайати фиристодаи ҳукуматии Тоҷикистон, иборат аз вазирони дифоъ ва умури дохилӣ ва муовини раиси Кумитаи амнияти миллӣ бо фармондеҳони собиқи мухолифон, Мирзохуҷа Аҳмадов ва Шоҳ Искандаров анҷом шудааст.

Бино ба гузориши хабарнигори Озодӣ ин ҳайат аз вазирони дифоъ, дохилӣ ва муовини раиси Кумитаи амнияти миллӣ иборат аст, ки субҳи имрӯз тавассути чархбол вориди маркази ноҳияи Рашт шуд. Ин мулоқот пушти дарҳои баста идома сурат гирифтааст.

Мақомоти давлатӣ ба фармондеҳони собиқ итминони хотир додаанд, ки иқдоме алайҳи онҳо сурат нахоҳад гирифт. Ба гуфтаи яке аз фармондеҳони пешин мақомот гуфтаанд, ки таҷаммӯи нерӯҳои давлатӣ дар водии Рашт ба манзури таъқиби аъзои гурӯҳи Мулло Абдулло (Абдулло Раҳимов) сурат гирифтааст. Ва аз фармондеҳони собиқ хоста шудааст, ки дар ин амр ҳамкорӣ кунанд.

Ахиран, ба думболи фирори 25 нафар маҳбус аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти милиии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе нерӯҳои зиёди амниятӣ ва интизомӣ ба водии Рашт фиристода шудаанд. Ва ҳузури ин нерӯҳо дар маҳалле, ки дар гузашта саҳнаи ҷангҳои дохилии Тоҷикистон буд, фармондеҳони собиқи мухолифонро нигарони сарнавишти худ кардааст.

Ба дунболи рӯйдодҳои соли гузашта дар ноҳияи Тавилдара ва кушта шудани Мирзо Зиёев ва чанд фармондеҳи дигари мухолифини пешин дар он ҳаводис, Мирзохуҷа Аҳамадов низ ахиран изҳор дошта буд, ки аз сарнавишти худ нигарон аст ва агар иқдоме барои боздошти ӯ сурат бигирад, мухолифат хоҳад кард.

Дар дуву ним соли пеш, вақте Мирзохуҷа Аҳмадов сардори раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи Вазорати умури дохилӣ дар Рашт буд, бар асари як бархӯрд дар саҳни бинои ин раёсат, Олег Захарченко, фармондеҳи Отряди таъиноти махсуси милисаи Тоҷикистон ё ОМОН кушта шуда буд. Ва ахиран мақомот хабар доданд, ки таҳқиқи парвандаи қатли Захарченкоро аз сар гирифтаанд.

Маҳмуди Шодӣ, хабарнигори Радиои Озодӣ дар Рашт, зимни як сӯҳбат вазъи минтақаро шарҳ дод.

XS
SM
MD
LG