Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози заркамариҳо


Беш аз 300 нафар сокинони деҳаи Заркамар бо шумули кӯдакону наврасон, тайи се соат дар назди манзили зисти сокини ин деҳа Атовулло Рақибов дар баробари ҳайати ҳукумати ноҳияи Файзобод истодагарӣ карданд ва нагузоштанд, ки булдозер манзили ӯро хароб кунад.

Субҳи имрӯз Атовулло Рақибов ба Дафтари радиои Озодӣ тамос гирифт ва гуфт, ки соати 11-и рӯзи сешанбе, як ҳайати ҳукумати ноҳияи Файзобод иборат аз додситони ноҳия Ҳасан Бобоев, муовини аввали раиси ҳукумати ноҳия Зиёратшо Ятимов, раиси Кумитаи замини ноҳия Илҳом Ҳасанов, ҳамроҳ бо кормандони милисаи ноҳия ба назди манзили вай омада ба ронандаи булдозер амр додаанд то манзили онҳоро хароб кунад.

Истодагарии мардум дар баробари мақомот

Ба қавли Атовулло Рақибов, дар ибтидо ҳамсояҳо, баъд сокинони гузарҳои дигар ҷамъ шуданд ва вориди баҳс бо ҳайати ҳукумати ноҳия гардиданд. Намояндагони ҳукумати ноҳия дар даст санади расмӣ надоштанд ва фақат мехостанд, ки манзили Рақибовро ҳамвор намуда роҳи мошин боз кунанд.

Дар ивази тахриби хона, танҳо як порча замин ба Рақибов ваъда карда шудааст. Рақибов мегӯяд, ки маблағи сохтмони бинои хонаро надорад ва фарзандонаш бесарпаноҳ мемонанд.

Ба қавли Рақибов, вақте ки булдозер ҳаракат намуд, ки хонаи ӯро хароб кунад, занону хурдсолон фиғону фарёд бардоштанд ва бо партоби сангҳо ба булдозер ҳамла намуданд. Хонуми Атовулло Рақибов бо чаҳор хурдсолаш дар пеши роҳи булдозер истодаанд.

Пас аз шикастани шишаҳои булдозер, ронанда маҷбур шудааст, ки онро тарк кунад. Бо чунин ранг гирифтани вазъ, ҳайати ҳукумати ноҳия манзили Рақибов ночор тарк мекунанд.

Мо ба хотири рӯшанӣ андохтанба ин масъала, ба ҳукумати ноҳияи Файзобод тамос гирифтем, вале телефонҳои масъулони идораҳое, ки барномаи барандохтани ин манзилро доранд, посух надоданд.

Кӯшиши дубораи тахриби хонаи Рақибов

Ин бори дуввум аст, ки кӯшиши тахриби манзили Атовулло Рақибов аз тарафи Додситонии ноҳия сурат мегирад.

Як сол қабл, бо амри Додситонии ноҳия манзили Рақибов Атовулло тахриб карда шуд, аммо эътирози зану фарзандонаш боис шуд, ки он пурра хароб карда нашавад. Вай зимистони гузаштаро бо хонаи нимвайрона паси сар кард.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодда бо назардошти чунин вазъ, ба хонаводаи Рақибов кӯмак намуд, аммо бо сабабҳои номаълум, баъдтар Бахши ҳолатҳои изтирорӣ ин ёриҳоро бозпас гирифт.

Атовулло Рақибов, сокини деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод, ба радиои Озодӣ гуфт, намояндагони Вазорати ҳолатҳои фавқулодда кӯмакҳои иборат аз як хайма, кӯрпаву бухорӣ, дегу табақ ва дигар ашёи рӯзгорро, ки ин вазорат қаблан ба ин хонавода супурда буд, бозпас бурданд.

Каримҷон Ашӯров, сардори ситоди Вазорати ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Файзобод, он замон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфта буд, ки ашё ва маводҳои рӯзгордорӣ, ки ба хонаводаи Рақибов чор моҳ қабл аз сӯи вазорат дода шуда муваққатӣ буд, пас аз гузаштани мӯҳлати муқарраршуда, онҳо қисман пас гирифта шуданд.

Шикояти сокинон беҷавоб мондааст

Гулрӯ Ибодова, модари ин хонавода бо ёд аз ҳодисаи мазкур мегӯяд, хонаи ӯ аз сӯи мақомот бо як шеваи бераҳмона хароб шуд ва худи ӯ мавриди латтукӯб қарор гирифт.

Мақомоти ноҳияи Файзобод, сабаби хароб кардани ин хонаро, аз сӯи Атовулло Рақибов худсарона ишғол шудани қитъаи замин ва бе иҷоза бунёд кардани манзили зист меноманд.

Ва аммо оқои Рақибов ба ин гуфтаи мақомот розӣ нест ва мегӯяд, дар асоси қонун дар ин ҳавлӣ хона бунёд кардааст.

Ахиран хонаводаи Рақибов ҳамроҳ бо як гурӯҳ аз сокинони деҳаи Заркамар дар робита ба ин мушкил аз дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ва Додситонии кулли кишвар додхоҳӣ карданд.

Вале ба гуфтаи оқои Рақибов, то ба ҳол ягон ниҳоде ба мушкили онҳо расидагӣ накардааст.
XS
SM
MD
LG