Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифоъи Русия дар Пентагон


Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико, имрӯз бо Анатолий Сердюков, вазири дифоъи Русия, дар Вашингтон мулоқот мекунад. Тайи 5 соли ахир бори аввал аст, вазири дифоъи Русия аз Пентагон дидан мекунад. Интизор меравад, ду тараф қарордодҳое дар заминаи ҳамкориҳои низомӣ миёни Русияву Амрико ба имзо расонанд. Роберт Гейтс дар остонаи ин мулоқот ба хабаргузории русии “Интерфакс” гуфтааст, Амрико, Русияро ҳамчун таҳдид арзёбӣ намекунад, балки ду кишвар дар баъзе арсаҳо шарик, дар бархе дигар рақибанд ва дар баъзе аз масоили муҳим ҳамкорӣ мекунанд. Таъмини нерӯҳои Амрико дар Афғонистон бо истифода аз қаламрави Русия ва истиқрори эҳтимолии сипари дифоъи мушакии Амрико дар Аврупо аз масоили мавриди баррасии ду тараф будааст.
XS
SM
MD
LG