Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сара Шурд дар Уммон ба хонаводааш пайваст


Яке аз се амрикоие, ки бо иттиҳоми ҷосусӣ дар боздоштгоҳи Эрон бештар аз як сол нигаҳдорӣ мешуд, баъди раҳоӣ ба хонаводааш пайваст. Сара Шруди 32-сола рӯзи сешанбе дар як ҳавопаймои хусусии уммонӣ Теҳронро тарк гуфт ва дар шаҳри Мускат пойтахти Уммон ба модараш пайваст. Ду ҳамроҳи дигари Сара Шруд, ҳамчунон дар зиндони Эвини Теҳрон нигаҳ дошта мешаванд. Сара Шрудро баъди пардохти васиқаи 500 ҳазор долларӣ аз зиндон раҳо карданд. Филип Кровлӣ сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико гуфт, ин пулро ҳукумати Амрико напардохтааст. Сара Шруд гирифтори бемориҳои ҷиддӣ будааст. Ба думболи раҳоии ӯ Барак Обама раиси ҷумҳури Амрико аз Эрон хост, ду амрикоии дигарро низ раҳо кунад, зеро ба гуфтаи ӯ онҳо гуноҳе накардаанд. Сара Шурд, яке аз се амрикоиҳое аст, ки моҳи июл дар марзи Эрону Ироқ боздошт шуданд. Ӯву ҳамроҳонаш Шейн Байер ва Ҷош Фаталро мақомоти Эрон ба убури ғайриқонунии марз ва ҷосусӣ муттаҳам карданд, вале онҳо ин иддаъоро рад мекунанд.
XS
SM
MD
LG