Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Барак Обама аз раҳоии Сара Шурд


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, аз раҳоии шаҳрванди кишвараш Сара Шурд аз зиндони Эрон истиқбол кардааст. Барак Обама зимни баёнияе аз Эрон хостааст, ду амрикоии боздоштшуда бо Сара Шурд ва “дигар амрикоиҳои боздошт ва ё нопадидшуда дар Эронро” озод кунад. Сара Шурд, рӯзи сешанбе баъди пардохти васиқаи 500 ҳазор долларӣ Эронро тарк кард. Филип Кровлӣ, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ҳукумати Амрико барои раҳоии Сара Шурд пуле пардохт накардааст: "Иёлоти Муттаҳида ҳеҷ чизе барои раҳоии Сара Шурд напардохтааст. Тавре медонед, Эрон бар асоси муқаррароти додгоҳии худ, барои раҳоии ӯ талаботи махсусе кард ва барои иҷрои қонет кардани он талабот, чораҳо андешида шуданд." Сара Шурд, яке аз се амрикоиҳое аст, ки моҳи июл дар марзи Эрону Ироқ боздошт шуданд. Ӯву ҳамроҳонаш Шейн Байер ва Ҷош Фаталро мақомоти Эрон ба убури ғайриқонунии марз ва ҷосусӣ муттаҳам карданд, вале онҳо ин иддаъоро рад мекунанд.
XS
SM
MD
LG