Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи баҳс дар мавриди ҳаракати бемамониати қаторҳо


Дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе имрӯз нишасти масъулони ширкатҳои роҳи оҳани кишварҳои шӯравии собиқ идома мекунад, ки дар он ҳаракати бемамониати қаторҳо баррасӣ мешавад. Дар нишаст ба истиснои намояндагони Туркманистону Гурҷистон намояндагони тамоми кишварҳои дигар ҳузур доштаанд. Иҷлоси масъулони роҳҳои оҳани кишварҳои Иттиҳоди Мустақили Муштаркулманофеъ ва Балтик дар ҳоле дар Тоҷикистон баргузор мешавад, ки кишвар тайи соли равон ҳамвора бо Ӯзбакистон дар мавриди транзити қаторҳояш мушкил доштааст. Боздошти тӯлонии садҳо қатори Тоҷикистон дар Ӯзбакистон то ҳадде расид, ки мақомоти Тоҷикистон барои ҳалли ин мушкил аз Созмони Милали Муттаҳид кӯмак хостанд.
XS
SM
MD
LG