Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талафоти сангини ҷангҷӯён дар Афғонистон


Мақомоти НАТО ва Афғонистон мегӯянд, дар набардҳо бо ҷангҷӯён дар ин кишвар 30 нафари онҳоро куштанд. Ба гуфтаи мақомоти НАТО 23 ҷангҷӯро рӯзи душанбе дар вилоятии ҷанубии Ҳилманд ва се нафари дигари онҳоро дар вилояти шарқии Вардак куштаанд. Ба гуфтаи як мақоми расмии Афғонистон, чаҳор ҷангҷӯи Толибро дар вилояти ҷанубушарқии Зобул ҳалок кардаанд. Хушунат дар остонаи интихоботи порлумонии Афғонистон, ки ҳамин ҳафта баргузор мешавад, авҷ гирифтааст.
XS
SM
MD
LG