Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баҳс доир ба тарҳи бунёди масҷид дар Маскав


Аҳолии як ноҳияи ҷанубушарқии шаҳри Маскав маъракаеро ба зидди бунёди як масҷид дар ин шаҳр оғоз кардаанд. Ба гузориши бахши тоторӣ ва бошқирдии Радиои Озодӣ, ҳудуди 1000 нафар аз сокинони ноҳияи Текстилшикӣ рӯзи якшанбе муроҷиатномаеро имзо карда ва аз мақомот хостаанд, иҷоза надиҳанд, то дар маҳалли зисти онҳо масҷид сохта шавад. Ба гуфтаи баъзе аз онҳо, бунёди масҷид ҷойи мошингузорӣ ва сайругашти сагҳои мардум дар маҳалли зисти онҳоро танг мекунад. Аммо Марат Ҳазрат Муртазин, муовини раҳбари шӯрои муфтиёни Русия, гуфтааст, дар шаҳри Маскав, ки 2 миллион мусулмон дорад, танҳо 4 масҷид ҳаст, ки барои ибодати эътиқодмандон кофӣ нест. Масҷиди нав барои ибодати 3 ҳазор намозгузор пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG