Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷазои Белорус барои тақсими рӯзномаҳои интиқодгар


Дар Ҷумҳурии Белорус як нафарро барои тақсими рӯзномаҳои мустақил дар байни мардум 400 доллар ҷарима кардаанд. Ба гузориши бахши белорусии Радиои Озодӣ, Андрей Тихинро, рӯзи 31 август ҳангоми тақсими рӯзномаҳое боздошт кардаанд, ки дар онҳо маъракаи мухолифини давлат таҳти унвони “Ҳақиқатро бигӯ” тарғиб мешудааст. Як тоҷири маҳалли дигарро низ ҳангоми тақсими чунин варақаҳо боздошт кардаанд ва муҳокимаи ӯ рӯзи 23 сентябр баргузор мешавад. Маъракаи “Ҳақиқатро бигӯ” аз тарафи Уладзимир Няклаев, раиси собиқи Иттиҳоди адибони Белорус раҳбарӣ мешавад, ки аз ин роҳ мехостааст, мардумро ба баҳси ошкор доир ба мушкилоти иҷтимоӣ дар кишвараш ташвиқ кунад.
XS
SM
MD
LG