Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлатободӣ: Сара Шурд метавонад Эронро тарк кунад


Додситони Теҳрон Аббос Ҷавҳарии Давлатободӣ имрӯз изҳор намуд, ки барои Эронро тарк намудани шаҳрванди ИМА Сара Шурд монеъае мавҷуд нест. Сара Шурд имрӯз маҳбаси Евини Теҳронро тарк намуд. Масъуд Шафеӣ, вакили дифоъи хонум Шурд дар сӯҳбат бо Радиои Фардо гуфт, ки барои раҳоии фарди таҳти ҳимояташ 500 ҳазор доллар гаравпулӣ пардохт шудааст. Давлатободӣ ҳам ин иттилоъро таъйид кард ва гуфт, ки гаравпулӣ ба бонки эронӣ дар шаҳри Маскати Уммон интиқол дода шудааст.
Ёдовар мешавем, Сара Шурд ва ду шаҳрванди дигари ИМА соли гузашта дар марз бо Ироқ боздошт шуда буданд. Теҳрон онҳоро дар убури ғайриқонунии марз ва ҷосусӣ айбдор мекунад. Ва аммо мақомоти ИМА ин иттиҳомро бепояву бунёд хондаанд. Пайвандони амрикоиҳои боздоштшуда мегӯянд, ки онҳо ҳангоми сайёҳат дар кӯҳистони Ироқ раҳгум зада, иштибоҳан вориди хоки Эрон шудаанд.
XS
SM
MD
LG