Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як дипломати эронӣ аз мақомаш истеъфо дод


Фарзод Фарҳодиён, корманди сафорати Эрон дар Брюссел, аз мақомаш истеъфо дод ва изҳор намуд, ки хостори паноҳандагии сиёсӣ дар Норвегия шудааст. Фарҳодиён саввумин дипломати эронист, ки соли равон ба нишони эътироз аз сиёсати ҳукумат кори дипломатиро тарк мегӯяд. Чанд рӯз пеш Ҳусейн Ализода аз мақоми консул дар Финляндия истеъфо дода ва ба “Ҷунбиши сабз”-и мухолифи ҳукумат пайваста буд. Моҳи январи соли равон Муҳаммадризо Ҳайдарӣ, корманди сафорати Эрон дар Норвегия, низ истеъфо дода, хостори паноҳандагии сиёсӣ дар ин кишвар шуда буд.
XS
SM
MD
LG