Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯлоб: Нигаронии ҲНИТ аз фишор ба ҳиҷобдорон


Маҳмадшариф Набиев, раиси бахши ҲНИТ дар Кӯлоб
Маҳмадшариф Набиев, раиси бахши ҲНИТ дар Кӯлоб

Бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб аз афзоиши фишор болои ҳиҷобдорон дар ин шаҳр изҳори нигаронӣ мекунад.

Маҳмадшариф Набиев, раиси ин ҳизб дар минтақа мегӯяд, пас аз сафари президенти кишвар ба минтақа дар охири моҳи августи соли ҷорӣ дар макотиби ҳамагониву олӣ ва бозорҳои шаҳр бархе мансабдорон ба занону духтарон пӯшидани либоси исломиро мамнӯъ эълон кардаанд.

Вай мегӯяд, занону духтарони зиёде ба онҳо барои ҳимояашон аз пӯшидани чунин либос муроҷиат кардаанд:

«Аз суханронии президенти кишвар бархе мансабдорони фаҳмиши ғалат бардоштаанд. Президент ҳангоми сафараш ба навоҳии Кӯлоб гуфта буд, ки ҷавондухтарон либосҳои миллӣ ба бар кунанд. Мушаххас нагуфта буд, ки кадом либосҳо, вале бархе мансабдорон инро дигар хел фаҳмида, танҳо болои духтарони либоси исломӣ ба бар карда дар бозору мактабҳо фишор меоранд. Ҳоло фишори онҳо хеле зиёд шудааст».

ҶАРИМА БА ХОТИРИ САТР?


Бархе волидайни мактаббачагон дар Кӯлоб мегӯянд, ба фарзандонашон ҳушдор додаанд, дар сурати ба бар кардани либоси исломӣ ҳангоми дарс онҳоро ҷарима интизор аст.

Фотима Раҳимова, як сокини Кӯлоб мегӯяд: «Дар мактаб гуфтаанд, ки ягон хел рӯймол набанданд ва пеши барашон бояд луч бошад. Гуфтаанд, ки агар чунин кунанд, то 500-сомонӣ, баъдтар боз гуфтаанд, ки то 500 долар ҷарима мекунем. Дигар намедонем, ки ин манфиатҷӯии муаллимони мактаб аст ё аз милисаҳо. Гуфтаанд, ки президент сатрро манъ кардааст, аммо мо ва дигарон чунин гапҳоро аз забони президент нашунидаем».

Гулниссо Ҷабборова, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб мегӯяд, пештар бо доштани рӯймол дар дарс касе ба онҳо чизе намегуфт, вале ҳоли ҳозир аз онҳо талаб мешавад, то сари луч вориди Донишгоҳ шаванд. Ба гуфтаи Гулниссо феълан аз талаби донишандӯзӣ бештар набастани сатр ба донишҷӯён ташвиқ мешавад. Ӯ мегӯяд:

«Дониши мо заруртар аст, аз оне, ки рӯймоли моро мегиранд. Дар ягон қонун чунин гуфта нашудааст, ки дар дарс рӯймол дошта бошӣ ё не. Намедонам, ки рӯймол чӣ зарар дорад, ки ҳамеша барои ин моро ҷанг мекунанд».


«МАКТАБ МАДРАСА НЕСТ»

Дар ҳамин ҳол Давлат Амиров, мудири маорифи шаҳри Кӯлоб, манъи ҳиҷоб дар макотиби оливу миёнаро тибқи дастурамалҳои Вазорати маорифи кишвар медонад. Ҷаноби Амиров дар ҳоле, ки ҷарима бастан ба хотири доштани либоси исломиро рад намуд, гуфт:

«Тоҷикистон давлати дунявӣ аст. Дунявӣ будан шаҳодат он аст, ки дин аз давлат ҷудо аст. Мактаб мадраса нест, масҷид нест. Ҳукумати кишвар ва Вазорати маориф либоси ягонаи мактаби пешниҳод кардаанд. Мактаббача бояд бо чунин либос ба дарс ҳозир шавад».

МАНЪИ ҲИҶОБ ДАР БОЗОРҲО

Манъи ҳиҷоб дар макотиби миёна ва Донишгоҳҳу Донишкадаҳои кишвар солҳост давом дорад, аммо ҳушдор додани масъулин барои ба бар накардани либоси исломӣ дар бозор ҳарфи тоза дониста мешавад. Дар бозорҳои Кӯлоб духтарону занҳои бозорнишин ҷой доштани чунин ҳушдорро тасдиқ мекарданд, вале аз сӯҳбати микрофонӣ дар робита ба ин мавзӯъ худдорӣ меварзиданд. Аммо Сафархуҷа Қудратов, тоҷири бозори марказии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, воқеан зимни баргузории як ҷаласса ба занҳову хоҳарони онҳо таъкид кардаанд, ки минбаъд чунин либос ба бар накунанд.

Тоҳир Одинаев, ҷонишини директори бозори марказии Кӯлоб мегӯяд, манъи ҳиҷоб дар бозор овозаи дуруғе беш нест. Ба гуфтаи ӯ, воқеан масъулини ҳукумати шаҳр зимни баргузории як чорабинии вижа аз занону духтарони бозорнишин даъват кардаанд, то либоси миллӣ ба бар кунанд, вале касе либоси исломиро барои онҳо мамнӯъ надонистааст. Одинаев афзуд:

«Ин чорабини барои эҳёи либоси миллӣ буд. Бо духтарону занони бозор масъулини Кумитаи занони шаҳр, бахши ҷавонон ва дигарон омада сӯҳбат карданд, лек дар бораи сатр гап набуд. Мазмуни гапи онҳо ин буд, кич и хеле ки падару бобоёни мо либос мепӯшиданд, мо ҳам бояд чунин кунем. Касеро маҷбур накардаанд».

ҲНИТ «БО ЭҲСОСОТИ МАРДУМ БОЗӢ НАКУНЕД»

Аммо Маҳмадшариф Набиев, раиси бахши минтақавии ҳизби наҳзат мегӯяд, масъулин бояд ба эҳсосоти мардуми тақводор бозӣ накунанд, дар ҳоле, ки вазъи сиёсиву иҷтимоӣ Тоҷикистон он қадар хуб нест. Ӯ мегӯяд: «Эҷоди чунин вазъият дастаке барои душманони миллат аст. Шояд аз ин гурӯҳе бар зарари давлати мо истифода кунад. Ман аз ниҳодҳои қудратӣ, аз ҳукуматҳои маҳаллӣ хоҳиш мекунам, ки дар чунин як вазъияти ҳасос аз чунин накунанд. Эҳтиёт кардан даркор, ки душманон аз ин вазъият ҳамчун дастак истифода накунанд».

Баҳси ҳиҷобпушии занону духтарон дар макотиби оливу миёнаи Тоҷикистон солҳост миёни рӯҳониён ва масъулини соҳаи маориф идома дорад. Аммо фишор болои тоҷирон ба хотири ба бар кардани ҳиҷоб дар бозорҳои вилояти Хатлон барои аввалин бор аст, ки аз ҷониби тоҷирзанон шунида мешавад. Чанде қабл тоҷирзанони бозори Қурғонтеппаи вилояти Хатлон низ аз ҷой доштани чунин мушкил шикоят карда буданд.
XS
SM
MD
LG