Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Шарм-ул-шайх бо умедворӣ поён ёфт


Сарони Исроилу Фаластин мутмаинанд, ки соли равон ба имзои созиши сулҳ муваффақ мешаванд. Дар ин бора Ҷорҷ Митчел, фиристодаи вижаи ИМА дар Ховари Миёна, баъд аз анҷоми музокироти сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва раҳбари идораи худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос дар фароғатгоҳи Шарм-ул-шайхи Миср хабар дод. Ҷорҷ Митчел ҳамроҳ бо вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар музокироти миёни сарони Исроилу Фаластин ширкат дошт.
Музокироти Шарм-ул-шайх дуввумин дидору гуфтугӯи Нетаняҳу ва Аббос дар ду ҳафтаи ахир аст - онҳо қаблан дар Вошингтон мулоқот карда буданд. Рӯзи чаҳоршанбе музокироти сарони Исроилу Фаластин дар Байтулмуқаддас идома хоҳад кард.
Ҷорҷ Митчел ҳамчунин гуфт, ки тамдиди мораторий барои бунёди манзилҳо дар маҳаллаҳои яҳудинишини Каронаи бохтарии рӯди Урдун аз сӯи ҳукумати Исроил ба комёбии музокирот мусоидат мекард. Мораторий рӯзи 26 сентябр поён меёбад ва қаблан Нетаняҳу эълом дошт, ки ҳукумати Исроил онро тамдид нахоҳад кард. Ҳамзамон ӯ ваъда дод, ки ҳаҷми бунёди манозил маҳдуд карда хоҳад шуд. Фаластиниҳо изҳор намуданд, ки агар бунёди манзилҳо дар Каронаи бохтарӣ мунҷамид нашавад, онҳо музокироти сулҳро қатъ мекунанд.
XS
SM
MD
LG