Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маросими дафни рамзии Blackberry ва iPhone ва ҳам қасди Microsoft барои масрафи то 400 миллион доллар танҳо барои таблиғи барномаи Windows Phone 7 ба сари худ ҳокист, ки рақобат дар бозори фанновариҳои ҷадиди дунё чӣ қадар шиддат гирифта, ҷустуҷӯи ҷои по дар ин бозор ба як набарде бидуни қоида ва бидуни тараҳҳум табдил ёфтааст.

МАРОСИМИ “ДАФН”-И IPHONE

Ахиран кормандони ширкати Microsoft дар қароргоҳи ин бузургтарин ширкати компутарӣ дар Редмонд, аёлати Калифорнияи Амрико маросими дафни рамзии Blackberry ва iPhone -ро бар по карданд. Бо истифода аз нусхаҳои тобутшудаи ин ду маҳсулот ва ҳам дар ҷамъи издиҳоме ки ҳама либоси мотам дар бар карда буд.

Ходимони Microsoft бо анҷоми ин маросими ваҳшатнок гӯё мехостанд, дунёро хабар кунанд, ки бо рӯи кор омадани Windows Phone 7, фаровардаи ҷадиди Microsoft умри рамзии Blackberry ва iPhone дар бозор сар хоҳад омад.

GALAXY TAB ВОРИДИ МАЙДОН МЕШАВАД

Ширкати Samsung Electronics дар оғози моҳи сентябр фаровардаи ҷадидаш Galaxy Tab -ро муаррифӣ кард ва умедвор аст, ки ин маҳсулоташ дар соли оянда дар бозори роёнаҳои кӯчак ё планшетҳои дунё пешсаф хоҳад шуд.

Масъулони ширкати Samsung, дар ҳар сурат, пешбинӣ мекунанд, ки то поёни соли 2011 дар саросари дунё наздики 10 миллион планшети навъи Galaxy Tab ба фурӯш хоҳад рафт.

Интизор меравад, Galaxy Tab ҳаракаташ ба сӯи фатҳи қуллаҳои бозори планшетҳои ҷаҳонро алакай моҳи октябри соли ҷорӣ тавассути фурӯшгоҳҳои ширкати мобилии Vodafone аз қораи Аврупо шурӯъ кунад. Нархи ин роёна ҳанӯз дақиқ нашудааст, вале эҳтимолан он дар ҳудуди 1000 доллар давр хоҳад зад. Албатта, Galaxy Tab аз сӯи ширкатҳои мобилӣ на бо ин нарх, балкӣ монанди iPhone, тавассути низоми ёронаҳо ва дар ивази қарордод бо чунин ширкатҳо бо нархи аз 200 то 300 доллар ё евро ба фурӯш бароварда хоҳад шуд.

КОМПУТАР + МОБИЛ ДАР ЯК БАСТА

Феълан мақоми аввалро дар бозори планшентҳо iPad, фаровардаи ширкати амрикоии Apple ишғол мекунад. Интизор меравад, то поёни соли ҷорӣ теъдоди фурӯши ин навъи планшет аз марзи 5 миллион адад убур кунад.

Вале ширкати кореягии Samsung, тавре гуфтем, ҳатто дар ин қуллат ист карданӣ нест ва мехоҳад то як солу чанд моҳи дигар бо Galaxy Tab қуллаи 10 миллион ададро фатҳ кунад. Энника Карлстад, сухангӯи ширкати Samsung зимни муаррифии Galaxy Tab дар намоишгоҳи фанновариҳои муосир дар Берлин гуфт: “Яке аз бартариҳои Galaxy Tab ин аст, ки пеш аз ҳама шумо метавонед аз он барои анҷоми сӯҳбатҳои телефониву видеоетелефонӣ ҳам истифода баред. Шумо метавонед бо он акс низ бигиред, фотокамерааш 3 мегапикселист. Galaxy Tab бо тамоми барномаҳои лозим муҷаҳҳаз шудааст ва ҳамчун дастгоҳи телефони мобилӣ низ қобили истифода мебошад.”

“ҚОТИЛ”-И IPAD?

Galaxy Tab –ро ба далели хеле хурдтару сабуктар буданаш нисбат ба рақиби аслии худ ҳатто қотили iPad ном мебаранд.

Ва аммо бо ин ҳол, Apple хабар дода, ки дар садади ба бозор даровардани фарзияи ҷадидтари iPad аст, ки дорои видеокамера буда, дар он метавон хадамаи видеотелефонии Facetime-ро низ насб кард. Ба гуфтаи манобеъи наздик ба ин ширкат, фарзияи нави ин роёнаи кӯчак алакай дар ибтидои соли 2011 вориди бозор хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки тибқи анъана, ширкатҳои фанноварӣ фарзияҳои навсозишудаи фаровардаҳои худро ҳадди ақал то 12 моҳи аввал вориди бозор намекарданд.

Вале ин ҳама низ далели дигари суръат ва вусъати бесобиқа гирифтани рақобатҳоест, ки бозори фанновариҳои дунёро фаро гирифта, бозигарони аслии ин бозорро ба навсозии рӯз ба рӯз ва ҳатто соат ба соати фаровардаҳояшон ташвиқ ва таҳрик мекунад. Зимнан як омили рушди ҳайратангези ин бозор низ ҳамеша ҳамин рақобатҳояш будааст.

АРЗОНТАРИН ПЛАНШЕТ АЗ ҲИНД ХОҲАД РАСИД

Вале ҳам Galaxy Tab ва ҳам iPad бо ҳудуди 1000 доллар нархе ки доранд, дар бозори планшетҳои гаронбаҳо даступанҷа нарм хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, давлати Ҳинд дар садади шурӯъи тавлиди планшетҳои арзонтарин барои толибилмону донишҷӯён бо қимати дар назари аввал боварнокардании 35 доллар будааст. Бар асоси як қарордод, масъулияти тавлиди роёнаҳои навъи Sakshat ба ширкати HCL Technologies вогузор шудааст.

Дар қадами аввал, қарор аст, 1 миллион адад аз чунин роёнаҳо тавлид шаванд. Sakshat 2 гигабайт хотираи асил дошта, аз он метавон ба ҳайси телефон ва ҳам ба манзури истифода аз Интернет ва ҳатто барои берун овардани файлҳои видеоӣ аз ин шабакаи ҷаҳонӣ истифода бурд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG