Пайвандҳои дастрасӣ

Барканорӣ ва нигарониҳо дар ҳукумати Қирғизистон


Азимбек Бекназаров, ноиби нахуствазири Қирғизистон имрӯз сешанбе бори дигар аз табдили кадрҳо дар ниҳодҳои қудратии кишвараш ибрози норизоятӣ кард. Оқои Бекназаров барканориҳои ахир дар ҳукумат қадаме барои аз ҳукумат дур андохтани ӯ сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи ноиби нахуствазири қирғиз раиси Додгоҳи олӣ ба далели сар нафаровардан ба раиси дастгоҳи ҳукумати муваққат Эмил Қаптағаев аз мақом барканор шудааст. Вай ҳамчунин иброз дошт, ки баъди додситони кул таъйин шудани Бойтемир Ибраев масъалаҳои мубрами зиёд роҳи ҳалли худро пайдо карданд ва босалоҳиятии Ибраевро дар мақоми додситони кул собит намуданд. Оқои Бекназаров мегӯяд, баъди ба мақоми додситони кул тайин шудани Қувватбек Бойболов вай фавран ноибони худро аз вазифа барканор кардааст, ки хурсарии маҳз аст.

Ба таъкиди Азимбек Бекназаров рӯзмарра ба вай тавассути занги телефон душманонаш таҳдид мекунанд, ки ҷонаш дар хатар қарор дорад ва бояд ихтиёран ба ягон кишвар фирор кунад. Вай гуфт, вале ин таҳдидҳоро устуворона паси сар менамояд ва ба ягон кишвар фирор карданӣ нест.

Пуштибонии Бекназаров аз Мирзоаҳмадов

Азимбек Бекназаров дар пайи сӯҳбат аз шаҳрдори Ӯш Мелис Мирзоаҳмадов низ пуштибонӣ намуд, ки таври маълум ба ҳукумати марказии Бишкек сари итоат фуруд наовард ва дар мақомаш устувор монд.

Ба гуфтаи оқои Бекназаров шаҳрдори Ӯш Мелис Мирзоаҳмадов душмани ӯзбекҳо нест, балки душмани Қодирҷон Ботиров барин пешвоёни ин мардум аст, ки даъвои мухторияти ӯзбектаборони Қирғизистонро дар миён гузоштанд.

Дар айни ҳол Қодирҷон Ботиров, ки ба гуфтаи ӯ дар хориҷ аз Қирғизистон ба сар мебарад, даъвоҳои ҳукумати Роза Отунбоеваро перомуни даст доштанаш дар барангехтани низоъҳои байниқавмӣ комилан беасос арзёбӣ кардааст. Вай зимни пахши як изҳорот тавассути нашрияҳои электронӣ мегӯяд, дар барангехтани даргириҳои байни қирғизҳо ва ӯзбекҳо муттаҳам кардани ӯ кори дасти президент Роза Отунбоева ва Омурбек Текебоев, Азимбек Бекназаров ва Исмоил Исоқов барин ҳаммаслакони дигари ӯ мебошад.

Раиси маркази фарҳангии ӯзбектаборони вилояти Ҷалолобод тазаккур дод, ки ҳукумати муваққат роҳи хеле оддии халосӣ аз пешвоёни қавми ӯзбеки муқими Қирғизистонро пайдо кардаанд. Ба гуфтаи Қодирҷон Ботиров рӯзе ба ватан бармегардад ва собит хоҳад кард, ки бегуноҳ аст.

Бекназаров ба мухолфион мепайвандад?

Дар ҳоле, ки Азимбек Бекназаров ба истеъфо нарафтани худро аз сафи ҳукумати Роза Отунбоева таъкид кард, Марат Қазоқбоев, як коршиноси дигари қирғиз, мегӯяд, аз эҳтимол дур нест, ки дар сурати истеъфо Азимбек Бекназаров ҳатман ба мухолифони ҳукумати муваққат хоҳад пайваст.

Ба гуфтаи ин коршинос Азимбек Бекназаров ахиран аз як чеҳраи саршинос ба нафаре табдил ёфтааст, ки эътибораш коҳиш дидааст ваш умори душманонаш беш аз пеш меафзояд.
XS
SM
MD
LG