Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сара Шурд маҳбаси Теҳронро тарк намуд


Press TV – шабакаи телевизиониии инглисзабони Эрон хабар дод, ки имрӯз шаҳрванди Амрико Сара Шурд аз маҳбас озод карда шуд. Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки ӯ фақат баъд аз пардохти 500 ҳазор доллар гаравпулӣ метавонад зиндонро тарк намояд. Расонаҳои хабарии эронӣ бо такя ба изҳороти додситони шаҳри Теҳрон Аббос Ҷавҳарии Давлатободӣ навишта буданд, ки ба хонум Сара Шурд иҷозаи хуруҷ аз Эрон ҳам дода хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем Сара Шурд ҳамроҳ бо ду шаҳрванди дигари ИМА соли гузашта дар марз бо Ироқ боздошт шуда буд. Теҳрон онҳоро дар убури ғайриқонунии марз ва ҷосусӣ айбдор мекунад. Ва аммо мақомоти ИМА ин иттиҳомро бепояву бунёд хондаанд. Пайвандони амрикоиҳои боздоштшуда мегӯянд, ки онҳо ҳангоми сайёҳат дар кӯҳистони Ироқ раҳгум зада, иштибоҳан вориди хоки Эрон шудаанд.
XS
SM
MD
LG