Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Комиссиюни Аврупо аз ихроҷи лӯлиҳо


Комиссиюни Аврупо дар баробари Фаронса барои истирдоди лӯлиҳо аз кишвар чораҳои ҳуқуқӣ меандешад. Вивиан Рединг, узви Комиссиюни Аврупо, ин иқдоми мақомоти Фаронсаро “шармандагӣ” номид.
Тайи як моҳи ахир беш аз ҳазор лӯлӣ, асосан, шаҳрвандони Руминия, барои, ба гуфтаи Порис, халалдор кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва зистан дар қароргоҳҳои ғайриқонунӣ, аз Фаронса хориҷ карда шуданд. Мақомоти Фаронса мегӯянд, ки на лӯлиҳо ҳамчунин қавм, балки фақат қонуншиканҳо аз кишвар берун карда шудаанд ва бештари онҳо Фаронсаро ихтиёрӣ тарк намудаанд.
XS
SM
MD
LG