Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи нави ҷустории Google


Google, бузургтарин ширкати интернетии ҷаҳон хадамаи нави ҷустуҷӯияш бо номи Google Instant-ро дар чанд кившар мавриди истифода қарор дод. Ин барнома ҷустуҷӯ дар интернетро осонтар мекунад.

Барномаи ҷадид ҳамзамон бо китобати мавзӯъ дар пайи ҷустуҷӯи матолиби марбута шуда, фурсати ҷустуҷӯ ва аз назар гузарондани матолиби мавриди назар дар Интернетро аз 2 то 5 сония камтар мекунад. Феълан, ба ҳисоби коршиносони Google барои ҷустуҷӯ ва дарёфти матлаби мавриди назараш ҳар корбар дар Интернет то 24 сония масраф мекардааст. Google Instant ғолибан рақиби ҷиддии Bing, фаровардаи ҷустуҷӯи интернетии ширкати Microsoft хоҳад шуд, ки ҷойгоҳи Google-ро дар бозор батадриҷ танг мекард.

Донишмандони донишгоҳи Ютаи Амрико дар як озмоиш тавонистаанд, ҷумлаҳоеро, ки инсон дар майнаи сараш фикр мекунад, тахшис карда ва рӯи қоғаз биоранд.

То кунун илм дар 90 дар сад қодир буд, посухи “ҳа” ё “не”-еро, ки инсон дар майнааш баён мекард, дуруст ташхис кунанд. Вале имкони ташхиси вожаҳои дигар то ҳол ба сахтӣ даст медод.

Бредлӣ Грегер, яке аз пажӯҳишгарони донишгоҳи Юта гуфтааст, ки шеваи нави ташхиси фикри инсон бахусус барои кӯмак ба маризоне, ки аз забон мондаанд, муҳим аст.

"Тарҳи бузург"

Стивен Ҳокинг, донишманди маъруфи инглис китоби наваш бо номи “Тарҳи бузург”-ро ба бозор даровард. Ҳокинг, ки ба иллати маризии фалаҷ хеле ба сахтӣ сӯҳбат мекунад, дар ин китобаш иддао мекунад, ки коиноти феълӣ дар натиҷаи таркиши бузург ва бо шарофати қонуни ҷозибаи Замин, вале бидуни ширкати Худованд халқ шудааст. Ҳокинг, ки яке аз шинохтатарин донишмандони физикаи назарӣ маҳсуб мешавад, мегӯяд, илми муосири физика ҷое барои нақши Худованд дар сохтани дунё боқӣ намегузорад. Исаак Нютон, физики маъруфи асри 18 мегуфт, ки ин дунё ба сари худ ва бидуни як холиқи олӣ, ки Худост, наметавонист арзи вуҷуд кунад.

Раҳбари ширкати финнии Nokia иваз шуд. Оллӣ-Пека Калласвуоро дар мақоми мудиромили ин яке аз бузургтарин тавлидкунандагони телефонҳои мобил намояндаи Microsoft Стивен Илоп иваз кард. Ба ин тартиб, барои бори аввал аз соли 1967 ба раёсати ин ширкати Финландия як хориҷӣ менишинад.

Дар семоҳаи дуввуми соли равон даромади Nokia 40 дарсад коҳиш ёфт, ки дар ниҳоят ба табдили мудири ширкат овард. Nokia ба маҳзи лағви пеш аз мӯҳлати қарордод ба мудири собиқаш 4 миллиону 600 ҳазор евро ҷуброн хоҳад пардохт.

Дар Порис, пойтахти Фаронса мехоҳанд гармии бадани мусофирони метроро ба манзури гарм кардани сохтмонҳо истифода кунанд. Нахустин чунин дастгоҳи гаромидиҳӣ, қарор аст, то поёни соли оянда дар истгоҳи метрои “Рамбюто” ба кор андохта шавад. Аз нирӯи гармии бадани мусофирони ин истгоҳ 17 манзил гарм хоҳад шуд. Феълан аз чунин шеваи гармидиҳӣ дар як маркази тиҷорӣ дар аёлати Минессотаи Амрико ва ҳам дар Стокҳолм, пойтахти Шветсия истифода мебаранд.
XS
SM
MD
LG