Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Тураҷонзода ба матлаби "Ховар"


Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, қозии собиқи мусулмонони Тоҷикистон, муовини собиқи сарвазир ва аз раҳбарони пешини мухолифи давлат, зимни як баёнияи матбуотӣ аз таҳоҷуми барномарезишудаи равонӣ ва расонаӣ алайҳи худ хабар дода ва изҳорӣ нигаронӣ кардааст.

Рӯи сухани оқои Тӯраҷонзода қабл аз ҳама ба матлаби «Тураҷонзода кист ва чӣ мехоҳад?» аст, ки дар сомонаи интернетии хабаргузори расмии «Ховар» рӯзи 14 сентябр ба нашр расидааст. Муаллифи ин матлаб оқои Тураҷонзода ва хонаводаи ӯро дар сӯистифода аз Ислом ба манофеъи шахсии худ муттаҳам намудааст.

Муаллифи ин матлаб Тураҷонзодаро ба рибохорӣ муттаҳам мекунад ва менависад: «Рибохорӣ эълони ҷанг бо худост. Тӯраҷонзода бошад, аз ҷанг бо худо наметарсад, ҳатто ба дигарон дар ин амал фатво медиҳад. Оилаи Тӯраҷонзодаҳо як кори аҷибе доранд. Агар масъалае ба фоидаашон бошад, зуд касеро меёбанд, ки ба ин масъала фатво дода бошад, агарчӣ он фатво хато ҳам бошад. Ба корҳое, ки хилофи мазҳаб асту фатво додаанд, заруратҳои асри 21-ро мисол меоранду фатвоҳои Қарзовиро?»

Дар индомаи ин матлаб муаллифи он Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзодаро дар саҳнасозии ҷанги дохилӣ ва манфиат ҷустан аз он ва инчунин дар зери итоъати худ доштани фармондеҳоне чун Ризвон, Низом, Намоз, Раҳмон (Гитлер) Мансур ва дигарон муттаҳам карда ва овардааст, ки Тураҷонзода тавассути ин афрод дар хунрезхиҳо даст доштааст.

Дар ин матлаб ҳамчунин мехонем: «Тўраҷонзода як шахси оддӣ ва омӣ нест. Ў ақл, хирад ва виҷдони сиёсатест, ки дар ниқоби дин бо шиорҳои гуногун ва сўиистифода аз ислом мехоҳад ҳукумат дошта бошад…»

Аммо Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода дар вокуниши ҷавобии худ ин ҳамаро тӯҳмат ва дасиса унвон кардааст. Ӯ дар баёнияи худ гуфтааст:
«Агар ин иғвономаи Шумо пеш аз интихоботи парлумонӣ мебуд, фаҳмидан мумкин буд, ки хоҷагони Шумо чӣ мехоҳанд ва Шумо чаро чунин иғворо ба роҳ андохтаед. Аммо бубинед, ки интихоботи парлумонӣ гузашту ман номзадиамро нагузоштам ва ҳатто шахси боэътимоди касе ҳам набудам. То интихоботи президентӣ бошад, ҳанўз чор соли дигар аст. Пас, ҳадафи Шумо аз ин «ҳукуматдорӣ кардани Тўраҷонзода» чист?"

Оқои Тураҷонзода дар хулосаи баёнияи худ бо хитоб ба муаллифи матлаби "Ховар" гуфтааст:

"Ба иттиллои Шумо, хоҷагони Шумо, сармоягузорони Шумо, ҳукуматдорони кишвар- аз боло то поён, ба тамоми маќомоти дахлдор ва ҳамчунин ба шаҳрвандони азизи кишвар мерасонам, ки ман ҳоҷӣ Акбари Тўраҷонзода ва бародарони ман на даъвои Президент шудан дорему на даъвои вакили парлумону вазиру ҳокиму раису сафир шудан».

Муаллифи матлаби "Ховар" Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзодаро як шахси доро ва сарватманд, аммо дар айни ҳол манбаи даромади ӯро номаълум ва машкук унвон кардқааст.

Аммо оқои Тураҷонзода ин иддаъоро рад карда ва гуфтааст, ки эъломияи даромади худро ҳамасола пешниҳод мекунад ва шахси сарватманд ҳам нест, балки як корхонаи пахта дорад, ки он ҳам бар асари бӯҳрони молии гузашта қарздор мебошад.

Гуфтанист, қабл аз ин ҳам хабаргузории расмии «Ховар» чунин матлаберо дар аввали сол алайҳи Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода нашр карда буд, вале ҳаргиз боиси вокуниши ӯ нашуд. Аммо акнун коршиносон мегӯянд, ки шояд авзои ҳассоси сиёсӣ ва иҷтимоии феълӣ боиси он шудааст, ки Тураҷонзода нигарон бошад ва вокуниш ҳам нишон диҳад.
XS
SM
MD
LG