Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироаи кӯмаки нави ИМА ба марзбонҳои тоҷик


Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон 22 квадросикли тамғаҳои Polaris Razor ва Ranger эҳто кард. Маблағи умумии ин кӯмак 300 ҳазор долларро ташкил мекунад. Дар маросими эҳтои квадросиклҳо раҳбарони мақомоти марзбонӣ, муовини сафири ИМА дар Тоҷикистон ва кормандони расонаоҳи хабарӣ ширкат карданд. Миша Квост, муовини сафири Амрико гуфт, ки худравҳои нав техникаи қаблиро иваз мекунад ва ба марзбонҳои тоҷик дар мубориза бо қочоқи маводи мухадир ва терроризму ифротгароӣ кӯмак хоҳад кард.
Муовини фармондеҳи нерӯҳи марзбонии Тоҷикистон Сафаралӣ Назиров ба ИМА барои кӯмак изҳори сипос кард ва изҳор намуд, ки техникаи ҷадид дар ҳифзи қитъаҳои душворгузари марз истифода хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG