Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти сулҳ дар Шарм-ул-шайх идома меёбад


Дар фароғатгоҳи Шарм-ул-шайхи Миср имрӯз даври навбатии музокироти сулҳи Ховари Миёна баргузор мешавад. Дар ин гуфтушунид вазири умури хориҷиии Амрико Ҳилларӣ Клинтон ба ҳайси миёнҷигар ширкат хоҳад кард. Қарор аст, ки имрӯз ӯ бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва раҳбари идораи худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос мулоқотҳои алоҳида анҷом диҳад. Ба думболи ин музокироти сеҷониба доир хоҳад шуд.
Дар арафаи музокирот хонум Клинтон аз Исроил бори дигар даъват кард, ки бунёди манзилҳо дар маҳаллаҳои яҳудинишини Каронаи бохтарии рӯди Урдунро аз сар нагирад. Аз ин пеш Нетаняҳу эълом дошт, ҳукумати Исроил мораторий барои бунёди манзилҳоро, ки рӯзи 26 сентябр поён меёбад, тамдид нахоҳад кард. Ҳамзамон ӯ ваъда дод, ки миқёси бунёди манозил маҳдуд карда хоҳад шуд. Фаластиниҳо изҳор намуданд, ки агар бунёди манзилҳо дар Каронаи бохтарӣ мунҷамид нашавад, онҳо музокироти сулҳро қатъ мекунанд.
XS
SM
MD
LG