Пайвандҳои дастрасӣ

Санаи интихоботи раёсатҷумҳурии Белорус эълон шуд


Интихоботи раёсатҷумҳурии Белорус рӯзи 19 декабр баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора имрӯз палатаи поёнии парлумони кишвар тасмим гирифт. Мӯҳлати ваколати раисиҷумҳури феълӣ Александр Лукашенко моҳи марти соли 2011 поён меёбад.
Сарвари Белорус аллакай эълом дошт, ки дар давраи навбатии интихобот ширкат мекунад. Ҳадс зада мешавад, ки барои курсии олии Белорус ҳамчунин раҳбари ҷунбиши “Барои озодӣ” Александр Милинкевич, адиби маъруф Владимир Некляев, ҳамраиси ҳизби масеҳӣ-демократӣ Виталий Римашевский ва сарвазир Сергей Сидорский талош хоҳанд кард.
Рӯзи интихоботи раёсатҷумҳурии Белорус дар ҳоле эълон шуд, ки Маскав таблиғоти густарда зидди Александр Лукашенкоро идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG