Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сенати Фаронса манъи бурқаро баррасӣ мекунад


Имрӯз аъзои Сенати Фаронса ба тарҳи қонун дар бораи манъи бурқаву ниқоб раъй медиҳанд. Тибқи ин тарҳ, ки қаблан аз сӯи палатаи поёнии парлумони Фаронса пазируфта шуда буд, заноне, ки бо бурқаву ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳозир мешаванд, ба маблағи 150 евро ҷарима карда хоҳанд шуд. Мардҳое, ки зан ё духтарони худро барои пӯшидани бурқаву ниқоб маҷбур мекунанд, ба маблағи то 30 ҳазор евро ҷарима ваё ба муддати як сол маҳкум ба зиндон мешаванд.
Ҷонибдорони ин тарҳи қонун мегӯянд, ки он аз арзишҳои шаҳрвандии давлати Фаронса дифоъ мекунад. Мухолифини қонун мутмаинанд, ки Фаронса ҳуқуқу озодиҳои мазҳабии мардуми мусалмонро поймол месозад.
XS
SM
MD
LG