Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бекназаров: Боқиев маҳкум ба зиндон хоҳад шуд


Мақомоти Қирғизистон раисиҷумҳури собиқ Қурмонбек Боқиевро дар ғайбаш ба додгоҳ мекашанд. Муовини сарвазири кишвар Азимбек Бекназаров ба хабаргузории русии "Интерфакс" гуфтааст, ки Бишкек аз ин баъд аз Минск хостори истирдоди Боқиев нахоҳад шуд. Сарвари собиқи Қирғизистон дар сӯиистифода аз мақом ҳангоми ҳаводиси рӯзи 7 апрел дар шаҳри Бишкек айбдор мешавад. Он рӯз нерӯҳои ҳукуматӣ сӯи тазоҳургарон дар майдони марказии пойтахт оташ кушоданд, ки бар асари он беш аз 80 нафар кушта шуданд.
Ба гуфтаи Бекназаров, парвандаи ҷиноӣ рӯзҳои наздик ба додгоҳ фиристода мешавад.
XS
SM
MD
LG