Пайвандҳои дастрасӣ

Ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи нозирони боздоштгоҳ


Додситониии кулли Тоҷикистон алайҳи се корманди боздоштгоҳи муваққати Вазорати адлия ва як навбатдори боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии кишвар парвандаи ҷиноӣ боз кард. Хабаргузориҳои маҳаллӣ бо такя ба масъулини Додситонии кулл навиштаанд, ки онҳо дар “вайрон кардани ойинномаи низомӣ”, “сӯиистифода аз мақом ва бефаъолиятӣ”, “аз ҳадди ваколат берун баромадан” айбдор мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки се ҳафта пеш 25 маҳбус – шаҳрвандони Тоҷикистон, Русия, Афғонистон ва Ӯзбакистон аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон фирор карда буданд. Ҳангоми фирор онҳо як нозири ин боздоштгоҳ ва чаҳор нозири боздоштгоҳи муваққати вазорати адлияро ба қатл расонидаанд. Додситонии кулли Тоҷикистон дар робита ба фирори маҳбусон аз рӯи чанд банди Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла “куштор”, “ғасб ва истифодаи ғайриқонунии силоҳ”, “фирор аз маҳбас” ва “яғмои васоили нақлиёт” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Айни ҳол 6 нафар аз фирориён боздошт шудаанд, амалиёти ҷустуҷӯи 19 нафари дигар идома дорад.
XS
SM
MD
LG