Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти мустақими дуввуми Нетаняҳу ва Маҳмуд Аббос


Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ва Маҳмуд Аббос, раиси ҷумҳури Ташкилоти худгардони Фаластин имрӯз дар Миср дар музокироти дуввуми мустақим доир ба сулҳи Ховари Миёна гуфтӯгу карданд. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, дар ин музокироти дурӯза дар шаҳри Шарм ул-Шайхи Миср миёнҷигарӣ мекунад. Пеш аз оғози музокирот, хонум Клинтон гуфт, фурсати мусоид барои созиш миёни ду тараф фаро расидааст. Ӯ ҳамчунин дигарбора мавқеъи Амрикоро таъкид кард, ки Исроил бояд таълиқи бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар Канораи Ғарбро нигаҳ дорад. Ҳилларӣ Клинтон афзуд, ҳарду тараф бояд ин масъалаи умдаи ихтилофи назарашонро ҳал намоянд.
XS
SM
MD
LG