Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баёнияи баҳсбарангези Онишенко доир ба Тоҷикистон


Геннадий Онишенко, сартабиби беҳдоштии Русия дар баёнияи баҳсбарангезе гуфтааст, хуруҷи бемории фалаҷи атфол дар Тоҷикистон барои кишвари ӯ хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Геннадий Онишенко, ба хабаргузории давлатии “РИА Новости” гуфтааст, бо назардошти равобити наздик ва ҳамчунин сафари зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия хатари беморӣ барои ин кишвар бисёр ҷиддӣ аст. Бемории фалаҷи атфол, ки баҳори имсол дар Тоҷикистон хуруҷ кард, то кунун ба бештар аз 450 нафар сироят карда ва 20 нафар, умдатан кӯдаконро куштааст. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, беморӣ дар Тоҷикистон аз густариш мондааст ва охирин мавриди сироят ҳам моҳи июл сабт шудааст. Дар Русия то кунун 12 мавриди бемории фалаҷи атфол сабт шудааст. Бар хилофи баёнияи имрӯзааш, Геннадий Онишенко моҳи гузашта дастур дода буд, ки бо назардошти ба эътидол омадани вазъи сирояти бемории полиомелит дар Тоҷикистон ба ваксинзании шаҳрвандони ин кишвар зимни вуруд ба Русия хотима дода шавад.
XS
SM
MD
LG