Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди дипломати собиқи Эрон аз сиёсати ҳукумат


Як дипломати эронӣ, ки аз мақомаш ба хотири пайвастан ба мухолифони давлат истеъфо дод, мегӯяд, ҳукумати раиси ҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод, ба шаъну эътибори Эрон латма задааст. Ҳусейн Ализода, муовини собиқи сафири Эрон дар Финландия ба Радиои Фардо гуфт, сиёсати нобихрадонаи давлати Эрон сабаби истеъфои ӯ шудааст:"“ Мо ҳам аз сари қазо корманди давлат шудем, вале чӣ медонистем, ки муғулон алъон биёянд ва ҳайсияти Эронро ба тороҷ бибаранд.” Ӯ ҳамчунин гуфт, ҳадафи пайвастан ба Ҷунбиши Сабзи ба раҳбарии Мирҳусейни Мӯсавӣ, номзади собиқ ба раёсати ҷумҳури Эрон аз сабабҳои дигари канорагирӣ аз мақомаш будааст. Ҳуссайн Ализода дуввумин дипломати эронӣ дар хориҷ аст, ки аз мақомаш истеъфо додааст. Пештар аз ин Муҳаммад Ризо Ҳайдарӣ, дипломати Эрон дар Норвегия аз мақомаш истеъфо дод ва ба Ҷунбиши Сабзи Эрон пайваст.
XS
SM
MD
LG