Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони Беларус эҳтимоли қатли Бебенинро пазируфт


Додситони кулли Беларус, Андрей Швед, имрӯз гуфт, муфаттишони додситонӣ чанд фарзияи ҳалокати журналист Олег Бебенин, аз ҷумла фарзияи куштор ва худкушии ӯро таҳқиқ мекунанд. То ин вақт мақомоти Беларус мегуфтанд, журналисти 36-сола худкушӣ кардааст. Ҳамкорони Бебенин, ки аз бунёдгузорони торнамои мухолифон аст, мегӯянд, вай барои худкушӣ ҳеҷ сабабе надошт. Аввали ин моҳ Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ба таҳқиқи мустақилонаи марги Бебенин, ки ҷасадаш рӯзи сеюми сентябр дар бӯстонсарояш кашф гардид, даъват карда буд.
XS
SM
MD
LG