Пайвандҳои дастрасӣ

Қарор аст дар Душанбе форуми ҷавонон таҳти шиори «Қарни фанновариҳои рақамӣ» бо ширкати беш аз 200 нафар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистону Эрон баргузор шавад.

Талъат Нӯъмонов, раҳбари маркази фановарии итиллоотӣ ва комуникатсионӣ, мегӯяд, дар ин нишаст онҳое ширкат хоҳанд кард, ки зиндагии худро бидуни интернет ва фанноварии муосир тассавур намекунанд. Гуфта мешавад, таваҷҷуҳи аслӣ ба таҳиягарон ва соҳибони сомонаҳои интернетӣ, иштирокдорони фаъоли саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ равона мешавад.

ТАВАҶҶӮҲИ ҶАВОНОН БА ФАННОВАРИҲОИ МУОСИР

Соли сеюм аст, ки ин форум дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Ҳадаф аз ташкили он ҷалби бештари таваҷҷӯҳи ҷавонон ба фанновариҳои муосир ва муаррифии дастовардҳои онҳо дар ин самт арзёбӣ мешавад. Талъат Нӯъмонов гуфт, чунин чорабинӣ алоқаи ҷавонони минтақа ва кишварҳои форсизабонро таввасути саҳифаҳои иҷтимоӣ бештару мустаҳкам мекунад.

Абдуҷаббор Фаттоев, созмондиҳандаи форуми ҷавонон
Талъат Нӯъмонов меафзояд, таҷрибаи тӯлонии кор бо ҷавонон нишон додааст, ки онҳо сомонаҳои иҷтимоӣ ва барномаҳои мухталифи компютерӣ таҳия месозанд, аммо барномасозони ҷавон маҳсули эҷод ва ҳунари худро на ҳамеша босамар истифода мебаранд:

«Таҳкими равобити ҷавонони кишварҳои минтақа роҳ ба дастовардҳои навро боз мекунад. Бархе ҷойи кори нав пайдо мекунанд, ё барномаҳои худро ба фурӯш мегузоранд».

НАВОВАРИҲОИ БАРНОМАСОЗОНИ ТОҶИК

Дар ин замина Абдуҷабор Фаттоев, созмондиҳандаи форуми ҷавонон гуфт, ин чорабинӣ ба рушди дониши барномасозони ҷавон мусоидат мекунад:

«Соли гузашта дар ин гуна форум як ҷавон аз шаҳри Хуҷанд барномаеро пешниҳод кард, ки он барои омӯзиши фонетикаи забони тоҷикӣ пешбинӣ шуда буд. Яъне барои онҳое, ки суст мешунаванд ё забони тоҷикиро меомӯзанд, кӯмак мекард. Ин барнома дар якчанд кишвар истифода мешавад, барои хориҷиҳое, ки забони тоҷикиро меомӯзанд кӯмак мекунад. Ҳамчунин ин барнома барои хуб шинохтани забони тоҷики дар компютер шароити хуб фароҳам овардааст. Ин гуна барномаҳо зиёданд, ки ҷавонони тоҷик таҳия кардаанд».

Абдуҷабор Фаттоев афзуд, чорабинии мазкур барои фаъолсозии ҷавонон дар ҳалли масоили иҷтимоиву иқтисодӣ низ мусоидат мекунад. Ба андешаи ӯ, саҳифаҳои интернетӣ дар ин самт метавонанд, хизмати хубе дошта бошанд:.

Форуми ҷавонони минтақа дар авохири моҳи октябр дар Душанбе баргузор мешавад, аммо аллакай ҷараёни омодагӣ ба он ва интихоби ширкатдорон оғоз шудааст. Хоҳишмандон метавонанд, дар саҳифаи ин форум www.dyca.centreict.net номнавис шаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG