Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақсими замин ба оилаҳои ӯзбактабори Қирғизистон


Хонаводаҳои минтақаи баҳсбарангези назди марзи Қирғизистону Узбакистон барои бунёди манзил дар дарунтари қаламрави Қирғизистон замон гирифтанд. Аҳли русто, ки асосан ӯзбактаборонанд, замоне ба кӯчидан маҷбур шуданд, ки Ӯзбакистон ин қаламравро моли худ эълон кард. Мақомоти қирғиз мегӯянд, ҳамзамон бо гирифтани замин ба ҳар хонавода барои бунёди манзил 4 300 доллар қарзи боимтиёз дода шудааст. Ин маблағ аз буҷаи бозсозии минтақаҳои Ӯш ва Ҷалолобод ихтисос ёфтааст, ки дар хушунатҳои байни қирғизҳо ва ӯзбакҳо дар моҳи июн ба харобазор табдил ёфтанд.
XS
SM
MD
LG