Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузаргоҳи Қулма зимистон ҳам боз мемонад


Гузаргоҳи марзии байни Тоҷикистону Чин, ки одатан моҳи май кушода ва охирҳои декабр баста мешавад, имсол дар фасли зимистон низ фаъолият хоҳад кард. Ҳукумати Тоҷикистон барои боз будани роҳи нақлиётии байни Тоҷикистону Чин дар тамоми фаслҳои сол супориш додааст.

Ба гуфтаи сардабири рӯзномаи «Нақлиёт» Ато Мирхоҷа, вазорати нақлиёт ва коммуникатсия ба иҷрои ин дастур пардохтааст.

Аҳамияти гузаргоҳи Қулма боз ҳам афзудааст

Сардабир аз қавли манбаъҳо дар вазорат мегӯяд, ки бар асари маҳдудаҳои нақлиётӣ бо Узбакистон, адами шартномаи интиқоли бори тронзит бо Қирғизистон ва авзоъи амниятӣ дар Афғонистон, гузаргоҳи Қулма барои Тоҷикистон аҳамияти беш аз пеш касб мекунад.

Вай баён кард, ки осонтар будани барасмиятдарории борхатҳо ва сарфаи маблағ ва вақт дар интиқоли бор, аҳамияти роҳи нақлиётии мустақими байни ду кишварро бештар кардааст.

Сардори идораи «Бадахшонроҳ» Шамсмуҳаммад Назриев мегӯяд, ки онҳо барои боз нигоҳ доштани роҳи нақлиётии байни Тоҷикистону Чин омодагӣ мебинанд ва ба ин мақсад 22 адад техникаи роҳтозакуниро аз таъмир бароварда, 27 тонна сӯзишворӣ захира карданд.

Вай гуфт, ки барои ҳамеша боз нигоҳ доштани роҳ ба 4 адад техника ва 50 тонна сӯзишвории иловагӣ ниёз доранд.

Ин манбаъ афзуд, ки ширкатҳои ватанӣ дар фасли зимистон молу колоро аз Чин ба воситаи гузаргоҳи марзии Қарамиқи Қирғизистон ба кишвар ворид менамуданд ва барои дар фасли зимистон боз будани роҳ, ду адад техникаи роҳтозкунии мутаалиқи ширкатҳо дар роҳҳои Қирғизистон кор мекарданд.

Сардори идора баён дошт, ки бо фаъолияти доимии гузаргоҳи Қулма, ин технкикаҳо низ метавонанд барои тоза намудани роҳи Қулма ҷалб шаванд.

Эҳтимоли баста шудани роҳ вуҷуд дорад

Аммо соҳибкорон дар шароити барфу борон ва сардиҳои Мурғоб, таъмини ҳаракати муттаасили нақлиётро дар ин роҳ , ба вижа дар моҳҳои феврал, март ва апрел кори душвор мешуморанд.

Онҳо мегӯянд, ки ҳатто дар вақти мустақар будани нерӯҳои марзбонии рус дар минтақа, ки ба ҳамеша боз будани роҳи Хоруғ- Мурғоб манфиатдор буданд ва масрафи зиёд низ мекарданд, дар рӯзҳо барфу борон ва шамоли пайдарпа, ин роҳ ҳадди ақал ба муддати ду ҳафта банд мегардид.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи раёсати гумруки Бадахшон, ҳаҷми гардиши мол тавассути гузаргоҳи Қулма дар муқоиса бо соли гузашта қариб ду маротиба афзоиш ёфта, аз оғози сол то ба ҳол болиғ бар 43 миллион сомонӣ молу коло ба кишвар ворид шудааст.

Гузаргоҳи марзии Қулма моҳи майи соли 2004-ум ба фаъолият шурӯъ кард. Аммо имсол барои нахустин бор дар зимистон низ фаъолият хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG