Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизистон: Додситони кул аз вазифа барканор шуд


Бойтемир Ибраев, собиқ додситони кулли Қирғизистон

Бойтемир Ибраев, собиқ додситони кулли Қирғизистон

Роза Отунбоева, президенти Қирғизистон, додситони кулли ин кишвар Бойтемир Ибраевро ба истеъфо фиристод. Раисиҷумҳур ба ин мақом Қувватбек Бойболов, вазири умури дохилиро таъин кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Қирғизистон, Зарилбек Рисалиев, ки сардори раёсати умури дохилаи шаҳри Бишкекро бар ӯҳда дошт, ба мақоми вазири дохила таъин шуд.

МУХОЛИФАТИ НОИБИ НАХУСТВАЗИР БО ПРЕЗИДЕНТ

Аммо Азимбек Бекназаров, ноиби нахуствазири Қирғизистон, ки дар бемористон ба сар мебарад, ба радиои Озодӣ гуфт, ки аз ин тасмими президент Роза Отунбоева хабардор нест. Ин дар ҳолест, ки оқои Бекназаров ба ҳайси ноиби нахуствазири Қирғизистон назорати фаъолияти ниҳодҳои қудратии кишварашро бар ӯҳда дорад.

Азимбек Бекназаров рӯзи душанбе дар муқобили тасмимҳои ахири президент Роза Отунбоева изҳорот пахш кард. Вай гуфт, президент ба мақомҳои давлатӣ афроди боэътимоди худро таъйин мекунад.

Ба гуфтаи Азимбек Бекназаров, вале вай мухолифи аз мақом барканор кардани додситони кул ва раиси додгоҳи олӣ дар арафаи интихоботи парлумонии кишвар аст.

Оқои Бекназаров мегӯяд, ин иқдоми Роза Отунбоева иштибоҳ аст ва мувофиқи дархости нерӯҳои сиёсӣ сурат гирифтааст. Ба гуфтаи Бекназаров, ин иқдом авзои мамлакаташро ба ташаннуҷ рӯбарӯ хоҳад кард.

Роза Отунбаева, раисиҷумҳури Қирғизистон
ИСЛОҲОТИ КАДРИИ РОЗА ОТУНБАЕВА


Табдили кадрҳои ниҳодҳои қудратии Қирғизистон замоне сурат гирифт, ки президент Роза Отунбоева дар вилояти Ӯш сафари дурӯзаи корӣ анҷом медиҳад.

Ӯ зимни мулоқот бо раҳбарони ин ниҳодҳо вазъияти иҷтимоиву сиёсӣ дар вилояти Ӯш, авзоъ дар минтақаҳои марзии он, натиҷаҳои аввалияи таҳқиқи ҳаводиси моҳи июн аз тарафи кормандони умури интизомӣ ва роҳҳои таъмини амнияти мардум дар арафаи интихоботи пурлумониро матраҳ кард.

Президенти Қирғизистон гуфт, нуктаи муҳим он аст, ки пас аз анҷоми интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон як ҳукумати собит таъсис хоҳад ёфт.

ҲАРОС АЗ ТАШАННУҶИ ДУБОРАИ АВЗОЪ

Ахиран дар миёни мардуми Қирғизистон овозаҳое паҳн шудааст, ки гӯиё баъзе нерӯҳо тасмим доран, раванди интихоботи парлумониро халалдор кунанд ва вазъи ин кишварро дубора ба ташаннуҷ мувоҷеҳ созанд.

Дар ҳамин ҳол чанд ҷунбиши ҷавонони қирғиз масъулияти таъмини фазои амну субот барои баргузории интихоботи парлумониро бар дӯш гирифтаанд. Гуфта мешавад, ҳудуди даҳ ҳазор довталаби мардумӣ гирди ҳам омадаанд ва тасмим гирифтаанд, то тартибу низомро ба ҳангоми интихобот таъмин кунанд.
XS
SM
MD
LG