Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Хатари ҷанубӣ" ба Тоҷикистон


Ҳузури Толибон дар минтақаи наздимарзии Имом Соҳиби Афғонистон хеле густарда унвон мешавад

Ҳузури Толибон дар минтақаи наздимарзии Имом Соҳиби Афғонистон хеле густарда унвон мешавад

Даргирии ахир миёни нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва ҷангиёни Толибон дар минтақаи Панҷ ҷомеаи Тоҷикистон мутаваҷҷеҳ кардааст. Ҳузури нерӯҳои Толибон дар манотиқи наздимарзӣ ва пайомадҳои он аз масоили матраҳ дар миёни таҳлилгарони тоҷик аст.

Ҳафтаи гузашта бар асари як бархӯрди мусаллаҳон дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон камаш 20 силоҳбадаст ва як марзбони тоҷик кушта шуданд.

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар робита бо ин ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷазираҳои дарёи Панҷ, посгоҳи марзии Қаровултеппа марзбонон як гурӯҳи 40-нафараи ҷангиро, ки аз аъзои Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ва ҳаракати Толибон будаанд, ошкор карданд:

«Аз отряди марзӣ як гурӯҳи сарҳадбонон омаданд. Байни онҳо ва силоҳбадастон задухӯрд ба амал омад. Дар натиҷа афсар Сафаралӣ Қурбонови 23-сола кушта шуд. Дар ҷои ҳодиса адабиёти мамнӯъшуда, чанд дона силоҳ ва маводи мухаддир пайдо шуд».


Оқои Раҳматуллоев гуфт, ҳудуди 20 ҷангӣ ҳангоми фирор дар дарёи Панҷ ғарқ шуда, бақия дар хоки Афғонистон панаҳ бурдаанд.

ҲАМЛАВАРОНИ ТОЛИБОН Ё ҚОЧОҚБАРОН?


Инженер Муҳаммад Умар, волии Қундузи Афғонистон дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ хабари даргирӣ дар марзро таъйид кард, аммо гуфт, маълум нест, ки онҳо қочоқбаранд ё гурӯҳи террористӣ:

«Гузорише, ки мо аз вулусволии Имом Соҳиб гирифтем ин аст, ки як даргирӣ шуда, аммо маълум нест, аз тарафи кӣ. Мутаассифона, дар ин даргирӣ теъдоде аз афғонҳо ва тоҷикҳо кушта шудаанд».

Дар ҳамин ҳол Муҳаммадраззоқ Ёқубӣ, раиси хадамоти амнияти вилояти Қундуз, ба Радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳе, ки дар марз бо марзбонони тоҷик вориди даргирӣ шудааст, эҳтимол дорад, аъзои Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ва ҷунбиши Толибон бошанд, зеро дар Имом Соҳиб фаъолияти онҳо густарда аст:

«Соҳаи Гӯртеппа, дар ғарби Қундуз, вулусволии Имом Соҳиб, вулусволии Дашти Арчӣ — манотиқест, ки онҳо амалиёти террористӣ анҷом медиҳанд».

Мақомоти Қундуз ҳузури зиндониёни фирории тоҷик дар миёни ин гурӯҳро низ таъйид ё такзиб накарданд, аммо гуфтанд, ки таҳқиқи ҳодиса шурӯъ шудааст.

ФАЪОЛШАВИИ ҲАРАКАТИ ИСЛОМИИ УЗБАКИСТОН

Даргирӣ дар марз ва сӯҳбат аз гурӯҳҳои террористӣ кардани мақомот дар ҳолест, ки тайи як соли ахир аз фаъолиятҳои Ҳаракати исломии Ӯзбакистон дар қаламрави Тоҷикистон зиёд гуфта шуд. Аз ҷумла дар ҳайати зиндониёни фирорӣ аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон низ ҳузури ду узви ин ҳаракат низ тасдиқ шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол аз 25 шаш зиндонии фирориро боздошт кардаанд, ки бино ба иттилои расмӣ, мехостаанд дар кишвар амалиёти террористӣ анҷом диҳанд.

Дар ҳамин ҳол, панаҳ бурдани ҷангиёни Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ва Толибон дар ҷазираҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон баҳсҳо дар бораи эҳтимоли вуруди гурӯҳҳои террористӣ ба ин тарафи Ому ва воқеӣ будани «хатари ҷанубӣ»-ро аз нав доман задааст.

Ин хатар, ки дар борааш мақомоти Русия ва расонаҳои он кишвар мегуфтанду мегӯянд, вуруди гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ ба Осиёи Марказӣ, қабл аз ҳама тариқи қаламрави Тоҷикистонро дар назар дорад.

ҲИФЗИ МАРЗ ДАР КАДОМ ПОЯ АСТ?

Раёсати марзбонии Хадамоти федералии амнияти Русия то соли 2004 марзи 1400- километрии Тоҷикистону Афғонистонро таҳти назорат дошт. Мақомот ва расонаҳои ин кишвар баъзан ишора ба заъфи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ҳифзи ин марзи тӯлонӣ мекунанд, ки ба иттилои СММ, 25дарсад маводи мухаддир тариқи он ба Русияву Аврупо қочоқ мешавад.

Хушнуд Раҳматуллоев мегӯяд, марзбонони тоҷик дар ҳоли ҳозир тамоми марзро таҳти назорат доранд ва даргирии ахир бо ҷангиён далели ҳушёрӣ ва ҳирфаӣ будани эшон аст.

Дар ҳамин ҳол, иддае аз коршиносон мегӯянд, гурӯҳе, ки дар марз бо марзбонони тоҷик ҷангидаанд, фирориёни фишори низомии нерӯҳои НАТО-ву ҳукумати Афғонистон ҳастанд, аммо ин ҳодиса далели бармалои ба яқин расидани гумони вуруди гурӯҳҳои террористӣ ба Тоҷикистон аз Афғонистон буда метавонад.

ХАТАР АЗ ҶАНУБ БОҚӢ МЕМОНАД

Амруллои Собир, коршинос дар умури амниятӣ мегӯяд, «хатари ҷанубӣ» ҳамешагӣ аст ва то ба сулҳу субот расидани Афғонистон, ки раванди хеле тӯлонӣ ва норӯшан менамояд, боқӣ мемонад:

«Ин хатар имрӯз ба он вобаста аст, ки муборизаи нерӯҳои НАТО ва ҳукумати Афғонистон бо Толибон шадидтар шудааст. Дар ҳоли ҳозир, нерӯҳои асосии террористӣ дар ҷануби ин кишвар ҷамъ шудаанд, аз ҷумла Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ҳам. Хатар хеле ҷиддӣ мешавад, вақте онҳо дар шимоли Афғонистон низ тақвият меёбанд, Онҳо имкон доранд, ки ба марзҳои ҷануби Тоҷикистону Ӯзбакистон ворид шаванд».

Мақомоти низомии Амрико қабл аз ин изҳор дошта буданд, ки хоки Афғонистонро баъд аз эътидол ва омодагии комили ҳукумати ин кишвар барои назорати вазъ тарк хоҳанд кард. Мулло Умар, раҳбари Толибон зимни як паёмаш бахшида ба Иди Фитр бар пирӯзӣ ҳаракаташ таъкид карда, фаъолияти нерӯҳои байнулмилал дар Афғонистонро шикасти комил унвон карда буд.

Иддае аз коршиносон мегӯянд, «хатари ҷанубӣ» бофтаву тофтаи мақомот ва расонаҳои русист, ки мехоҳанд дигарбора дар марзи тӯлонии Тоҷикистону Афғонистон мустақар шаванд. Ба қавли онҳо, Тоҷикистон бо Афғонистон равобити ҳасана дорад ва дар ҳоли ба қудрат расидани Толибон ҳам ахирӣ фикри ин сӯи Омуро нахоҳад дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG