Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Размоишҳои муштараки кишварҳои Созмони Шонгҳой


Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой имрӯз размоишҳои муштаракеро бо ширкати зиёда аз 3 000 нафар оғоз кард, ки дар ҷануби Қазоқистон ду ҳафта идома хоҳанд кард. Қарор аст, дар ин размоишҳо посухи ҳамоҳанг ба таҳдидҳои террористӣ ва қочоқбарони маводи мухаддир тамрин мешавад. Вазорати дифои Қазоқистон мегӯяд, аз Русия, Чин ва Қазоқистон ҳазор сарбозӣ ва аз Тоҷикистону Қирғизистон 150-сарбозӣ дар тамрин ширкат мекунанд. Узбакистон ҳам ба размоишҳо даъват шуда буд, аммо сарбозе нафиристодааст.
XS
SM
MD
LG