Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни занон, ки дар кишвари Барбадос ҷараён дорад, ноком шуд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гашт.

Мавзуна дар рақобатҳо дар вазни то 60 килограмм дар даври аввал бар Аманда Коулсон (Инглистон) дастболо шуд.

Ӯ дар даври баъдӣ, бо варзишгари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Куин Ундервуд қувваозмоӣ кард. Аз рӯи ҷамъбасти чаҳор раунд ҳисоб баробар – 7:7 шуд. Вале доварон муштзани пуртаҷрибаи амрикоиро ғолиб донистанд.

Мавзуна ба кишвари Барбадос, ки дар соҳили баҳри Кариб ҷойгир шудааст, ҳамроҳи мураббиаш Мирзо Шамсиев сафар кардааст.

Мавзунаи 17-сола, ки имсол ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфта буд, барои аввалин бор дар сабқати ҷаҳонӣ ширкат варзид.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни занон, ки дар шаҳри Бриҷтауни Барбадос то 18-уми сентябр идома хоҳад кард, 306 варзишгар аз 74 кишвар ширкат доранд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG