Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дипломати эронӣ дар Финланд хостори паноҳандагӣ шуд


Ноиби сафири Эрон дар Финланд, Ҳусейн Ализода, ки ҳафтаи гузашта барои пайванд шудан бо мухолифон аз мақоми худ истеъфо дода буд, аз ҳукумати Финланд тақозои паноҳандагӣ кард. Вай раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажодро айбдор кард, ки интихоботи президентии соли 2209-ро аз пеши раҳбари мухолифон, Мирҳусейни Мӯсавӣ, ба истилоҳи ӯ, "дуздидааст". Ализода дувумин дипломати баландпояи Эрон аст, ки аз мақоми худ истеъфо дода, паноҳҷӯ мешавад. Моҳи январ, консули Эрон дар Норвегия, Муҳаммадризо Ҳайдарӣ, дар Норвегия мақоми паноҳанда гирифта, сабаби як рӯёрӯии Осло ва Теҳрон шуд. Мақомоти Финланд аз шарҳи масъалаи Ализода худдорӣ карданд.
XS
SM
MD
LG