Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳороти Кумитаи амнияти Тоҷикистон дар бораи фирориён


Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки ду нафар зиндониёни фирорӣ, ки рӯзи 12-уми сентябр боздошт шуданд, мақсад доштанд, ҳамлаҳои террористӣ анҷом диҳанд. Дар изҳороти кумита гуфта мешавад, бозпурсиҳои пешакӣ нишон додаанд, ки онҳо "тарҳи чанд ҳамлаи террористиро дар қаламрави кишвар омода карда, мехостанд, ба ҷони инсонҳо таҳдид кунанд ва амнияту суботро ба ҳам зананд." Бино ба хабари ин манбаъ аз боздоштшудагон ду мил силоҳи Калашников, як туфангчаи Макаров, се норинҷаки дастӣ миқдори зиёде аз муҳимот мусодира шудааст. Афсарони кумита тамоми корро кардаанд, то фирориён зинда боздошт шаванд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар изҳороти хеш аз аҳолӣ барои кӯмак изҳори сипос кардааст.
XS
SM
MD
LG