Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз беш аз 20 зани паноҳандаи узбак дар назди бинои додситонии шаҳри Алмаатои Қазоқистон гирди ҳам омада ва аз боздошти ғайриқонунии шавҳаронашон ва истирдоди онҳо ба Узбакистон эътироз карданд. Таҷамуъкунандагонро, ки бо худ номаи дастаҷамъона доштанд, иҷозаи дохил шудан ба бинои додситонӣ надоданд.

Аммо Ташкенбой Аубакиров, ёвари додситони шаҳри Алмаато ба назди онҳо омада ва гуфтааст, ки мақоми паноҳанда барои ҳама 30 нафар аз афроди боздоштшуда бекор карда шудааст ва бар асоси мавозини байналмилалӣ, онҳо ба ватанашон Узбакистон экстрадисия хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи Аубакиров, ҳамаи афроди боздоштшуда, муртакиби ҷиноятҳои вазнин назири терроризм ва куштор дониста мешавад.

Дар ҳамин ҳол, идораи байналмилалии ҳуқуқи башар ва риояти қонунмандии Қазоқистон, ки як ниҳоди мустақили байналмилалӣ аст, дар ҳоли пайгирии ин қазия аст.

Дар гуфтугӯе, ки бо Денис Ҷавага, ҳуқуқшиноси ин дафтар доштам, нахуст аз талаби занони узбак пурсон шудам.


Ҷавоб:-Онҳо мақоми паноҳандагиро талаб доранд, аммо коммиссияи давлатӣ зимни баррасии парвандаи онҳо, танҳо ба як нафар мақоми паноҳандагӣ додаасту халос. Сабабашро коммисияи давлатӣ, мутобиқат надоштани критерияҳои онҳо ҳам ба қавонини Қазоқистон ва ҳам ба стандартҳои байналмилалӣ дар заминаи дарёфти мақоми паноҳандагӣ медонад.

Суол:-Бад ин тартиб чанд нафар бояд аз Қазоқистон ба Узбакистон ихроҷ шаванд?

Ҷавоб:-Қазоқистон 29 нафарро депортасия карданӣ аст. Зеро ба коммисия давлатӣ, 30 нафар барои дарёфти мақоми паноҳандагӣ муроҷиат кардаанд, аммо танҳо ба як нафар ин мақом дода шудааст. Мо дар навбати худ шикоят мебарем, нахуст ба он, ки давлат шикояти моро кафолат диҳад ва дар қадами дуввум шикояти мо ба қарори коммиссияи давлатӣ хоҳад буд. Чунки ин афрод ба дафтари мо ва ҳатто идораи умури паноҳандагони СММ дар Қазоқистон муроҷиат карданд. Шикояти мо низ дар пайи муроҷиати ин афрод сурат мегирад.

Суол:-Сабаби ихроҷи ин афрод чӣ ҳаст? Дар ҳоле, ки Қазоқистон раёсати даврагии САҲА бар дӯш дорад ва тааҳҳудоте низ дар заминаи дифоъ аз ҳуқуқи башар дорад?

Ҷавоб:-Аслан ин ба маънии ихроҷ нест. Балки ҷониби Узбакистон нисбати ин афрод дархостҳои экстрадиционӣ кардааст ва онҳоро муртакиби ҷиноятҳои мухталиф, назири ҷиноятҳои вазнин медонад. Зеро ба таъкиди ҷониби Узбакистон гӯё ин афрод дар қаламрави ин кишвар ҷиноят содир кардаанд ва алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ вуҷуд дорад. Ба ин тартиб, иқдоми Қазоқистон низ дар чаҳорчуби дархости Узбакистон барои истирдод кардани ин афрод сурат мегирад. Ҳатто нисбати онҳо ҳабси экстрадисионӣ ҷорӣ шудааст ва ҳамаи онҳо дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Алмаато ба сар мебаранд.

Суол:-Яъне, онҳо ҷинояткоранд?

Ҷавоб:-Намешавад, гуфт, ки онҳо ҷинояткоранд. Зеро аз ин 29 нафар, 18 нафари онҳо мандати паноҳандагии идораи умури паноҳандагони СММ дар Қазоқистонро доштанд. Аммо намедонам ба чи далеле то ҳол ин идора мавқеи худро нисбати ин афрод рӯшан накардааст. Агар комиссияи давлатии Қазоқистон ба ин афрод мақоми паноҳандагӣ надиҳад, пас ҳеҷ гуна маҳдудияте барои экстрадисиаи онҳо боқӣ нахоҳад монд.

Суол:-Пас, дар ин сурат паёмади он чӣ хоҳад шуд?

Ҷавоб:-Фақат онро метавон интизор шуд, ки онҳо дар Узбакистон мавриди азобу шиканҷа қарор хоҳанд гирифт ва ин бештар мояи нигаронӣ аст. Аммо вазифаи ман шикоят бурдан ба тасмими коммисияи давлатӣ аст, то ин қарорашро дигар кунад. Ба ҷуз шикоят кардан ва расидагӣ ба парвандаи ин афрод, фикр накунам, ки кори дигареро карда тавонам. Шояд дигар ҳомиёни ҳуқуқи башар, ки ба масъалаи шиканҷа машғул ҳастанд, дунболи паёмадҳои ин масъала бошанд. Аммо боз ҳам такрор мекунам, мушкил сари ин аст, ки нисбати ҳамаи ин афрод аз ҷониби Узбакистон дархостҳои экстрадисионӣ фиристода шудааст ва онҳо дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин мутаҳҳам дониста мешаванд. Бинобар ин, барои ҳукуматдорон ҳамеша нормаҳои конвенсионҳои байналмилалӣ дуввумдараҷа хоҳанд буд, аммо созишномаҳои байни давлатӣ муҳимтар.
Ин шева, яъне фард барои дарёфти мақоми паноҳандагӣ муроҷиат мекунад ва комиссияи давлатӣ парвандаи онро арзёбӣ карда ва агар дархости шахс дар тамоми марҳалаҳо рад шавад, вай дар ниҳоят аз он кишвар ихроҷ мешавад, вуҷуд дорад. Дуруст аст, ки Қазоқистон, раиси даврагии САҲА аст, аммо ин ба маънии он нест, ки афроди дархости рад гирифта барои мақоми паноҳандагиро дар қаламрави кишвараш нигаҳ дорад.
XS
SM
MD
LG