Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздоши як фаъоли ҲНИТ дар Душанбе


Дар чанд моҳи пеш як фаъоли дигари ҲНИТ дар Қурғонтеппа бо ҷурми ба ҷои аҳли хонаводааш дар интихобот раъй доданд, ба зиндон маҳкум шуда буд.

Дар чанд моҳи пеш як фаъоли дигари ҲНИТ дар Қурғонтеппа бо ҷурми ба ҷои аҳли хонаводааш дар интихобот раъй доданд, ба зиндон маҳкум шуда буд.

Мақомоти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон мегӯянд, як узви фаъоли ин ҳизб боздошт шудааст. Ба гуфтаи Воҳидхон Қосиддининов, ноиби раиси ҲНИТ, Ҳусниддин Давлатов узви ин ҳизб ва вакили маҷлиси маҳалиии ноҳияи Рашт, рӯзи иди Рамазон дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе боздошт шудааст.

Ба гуфтаи ин мақоми Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, то ба ҳол иллати боздошти Ҳусниддин Давлатов ошкор нашудааст. Аммо бино ба гуфтаи наздикони оқои Давлатов, ӯ ба иттиҳоми робита ва ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои салафӣ боздошт шудааст. Аммо ин ҳанӯз тайид нашудааст.

Гуфта мешавад, ки ҷаноби Давлатов ба ҷуз аз фаъолиятҳои сиёсӣ, дар ҲИНТ ба тиҷорати меваи хушк ҳам машғул будаааст.

Боздошти ин аъзои ҲНИТ дар ҳоле сурат мегирад, ки қаблан мақомот як аъзои дигари ин ҳизбро дар шаҳри Кӯлоб ба иттиҳоми даст доштан дар қочоқи инсон ба додгоҳ кашида буданд. Аммо додгоҳи ахир иттиҳом алайҳи ин фаъоли ҲНИТ -ро, ки даст доштан дар қочоқи инсон муттаҳам мешуд, нокофӣ хонд.

Аз ин пештар, пас аз интихоботи парлумонии моҳи феврал, як узви дигари ин ҳизб ба иттиҳоми нақзи қонуни интихобот ба додгоҳ кашида шуда буд. Ӯ барои раъй додан ба ҷои аҳли хонаводаи худ муҷрим шинохта шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG