Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 10 ситезаҷӯ дар даргириҳои Доғистон


Русия мегӯяд, имрӯз дар як рейд дар Қақфози Шимолӣ се ситезаҷӯи эҳтимолӣ ба қатл расидаанд. Полиси Доғистон мегӯяд, хонаеро дар деҳаи Комсомолская дар наздикии марзи Чеченистон, ки ситезаҷӯён дар он паноҳ ёфта буданд, ба муҳосира гирифта, тақозо кард, ки онҳо таслим шаванд. Аммо даргирӣ сар шуда, ду корманди полис кушта шуданд. Рейди амниятӣ дар ҳоле ҷараён гирифт, ки дар натиҷаи ҳамла ба мошини полис дар Махачқалъа афсари баландпояи полис кушта шуд. Бар асари даргирӣ дар Комсомолская бошад, боз 8 нафари мусаллаҳ ба ҳалокат расид.
XS
SM
MD
LG