Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи ҷиноии марбут ба фирори 25 нафар аз маҳбас


Додситонии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе алайҳи чанд корманди боздоштгоҳи муваққати Вазорати адлияи Тоҷикистон, ки гуфта мешавад аз саҳлангории онҳо шаби 23-юми август 25 маҳбус фирор кардаанд, парвандаи ҷиноӣ боз кард. Хабаргузории "Азия-Плюс" мегӯяд, дар ҳоли ҳозир як афсари рутбаи поин ва чанд сарбози қатории қисми ҳарбии 6593-и Вазорати адлия, ки шаби воқеа дидбонӣ мекарданд, зери шубҳа мебошанд. Ба ғайр аз ин як афсари миёнарутбаи ин қисми ҳарбӣ ба суистифода аз мақом айбдор мешавад. Вай ба яке аз навбатдорони маҳбас иҷоза додааст, ки мошини худро дар саҳни боздоштгоҳ гузорад, ки шаби фирор аз тарафи маҳбусон истифода шудааст. Амалиёти ҷустуҷӯи маҳбусони фирорӣ идома дошта, то ҳол танҳо 6 нафари онҳо боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG