Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози баҳси Гурҷистон ва Русия дар додгоҳи байнулмилалӣ


Баррасии шикояти Гурҷистон дар бораи "поккории қавмӣ" дар минтақаҳои Абхозистон ва Осетияи Ҷанубии зери ҳимояти Маскав ин ҳафта дар Додгоҳи байнулмилалии адолат оғоз меёбад. Шикояти расмии Гурҷистон дар ин бобат ба муқобили Русия нигаронида шудааст. Тифлис, ки ин аризаро дар моҳи августи соли 2008 ба додгоҳ супурдааст, мегӯяд, Русия хилофи қатъномаи байнулмилалии зидди ҳама анвои табъбизи нажодӣ амал кардааст. Ин шикоят баъд аз чанд рӯзи ҷанги кӯтоҳи ду кишвар ба додгоҳ ирсол гашт. Баъд аз ин ҷанги панҷрӯза ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон худро давлати мустақил эълон карданд ва Русия онҳоро ба расмият шинохт. Гурҷистон мегӯяд, бо фишори Русия наздик ба 150 000 шаҳрванди Гурҷистон ин манотиқро тарк кардаанд.
XS
SM
MD
LG